Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алифбои Толибон: "Ҷ" - Ҷиҳод, "К" - Калашников


Мақомоти Афғонистон аз замони суқути режими Толибон талош доранд барномаҳои дарсӣ ва китобҳои таълимии мактабҳоро нав кунанд.

"Баҳори имсол вақте мактабҳо боз мешаванд, пайдо кардани ҳатто як китоби корсози дарсӣ кори мушкил хоҳад буд. Китобҳои аз ҷониби Толибон чопшуда фоида надоранд... Аз рӯи ин китобҳо шогирдони синфҳои аввал бояд Алифборо ингуна омӯзанд: "Ҷ - Ҷиҳод, ин ҳадафи мо дар зиндагӣ аст, И - Исроил, яъне душмани мост, К - Калашников - мо пирӯз мешавем, Т - Толибон…

…Ҷанг инчунин мавзуи марказии китоби риёзиёт аст. Писарбачаҳо, ки шогирдони мактабҳо аслан ҳаминҳо ҳастанду китобҳо барои онҳо навишта мешаванд, ҳисобро бояд тақрибан ба чунин тарз ёд гиранд: "Умари хурдсол соҳиби "Калашников" ва се тирдон аст. Дар ҳар як тирдон 20 тир аст. Вай аз се ду ҳиссаи тирҳоро истифода карда шаст беимонро ба ҳалокат мерасонад. Бигӯед, ки бо ҳар як тири худ ӯ чанд беимонро ба қатл мерасонад?".

Пораҳо аз китоби Асне Сейерштад "Китобфурӯши Кобул", соли 2002

Мақомоти Афғонистон аз замони суқути режими Толибон талош доранд барномаҳои дарсӣ ва китобҳои таълимии мактабҳоро нав кунанд. Ва ҳоло ният доранд, ки бо кӯмаки байналмилалӣ миллионҳо адад китобҳои дарсиро чоп ва ба дасти хонандаҳо бидиҳанд.

Дар наздиктарин фурсат вазорати маорифи Афғонистон бояд ҳудудан 30 миллион адад китоби дарсии навро чоп карда ба дасти толибилмони мактабҳои ҳамагонӣ бирасонад. Дар ин замина Муҳаммадосиф Нанг, сухангӯи вазорати маориф дар баробари хабарнигорон дар Кобул гуфт:

"Мо барои барномаи мактабӣ 1008 китоб таълиф мекунем. Агар камбуде дар вилоятҳо маҳсус мешавад, 20 миллион ҷилд китоби изофаро тавзеҳ мекунем. Ва 28 миллион китоби дигар ҳам дар план дорем, ки агар он ҳам табъ шавад ва мароҳили тадорукотиаш ниҳоӣ шавад, дар зарфи яку ним соли дигар ба шакли мукаммал шогирдони мо китоби худро мегиранд".


Назар ба иттилои ӯ, то имрӯз ҳудудан 60 миллион китоби дарсӣ чоп шуда дар мактабҳои саросари Афғонистон тавзеҳ шудааст, аммо бо ин вуҷуд, назар ба иттилои радои Афғонистони Озод, масъалаи камбуди адабиёти дарсӣ ҳамоно ҷиддӣ боқӣ мемонад. Яке аз мушкилот ноамнии вазъи кишвар ва кӯшишҳои Толибон барои нобудсозии китобҳои мактабӣ мебошад, ки дар таърихи начандон дури ин кишвар яке аз ҷоҳилтарин режимҳои ҷаҳонро ҷорӣ карда буданд. Масъалаи амният аслан ҳамчун мушкили дараҷаи аввали низоми маорифи Афғонистон арзёбӣ мешавад. Муҳаммадосиф Нанг гуфтааст, ки дар як соли гузашта 200 ҳодисаи террористие рӯй дод, ки дар натиҷаи он толибилмину омӯзгорон мавриди ҳадафи ситезаҷӯён қарор ёфтанд.

Хабари хуши мақомоти маорифи Афғонистон ин аст, ки дар ин охирҳо ҳудудан 200 мактаби миёна дубора ба фаъолият оғоз карда даҳҳо ҳазор тифли синни мактабӣ имкони таҳсилу илмомӯзиро ба даст оварданд. Дар Ҳилманду Зобулу Қандаҳор, ки яке аз доғтарин нуқоти Афғонистон аз назари хатари Толибон шинохта мешавад, бо кӯмаки раҳбарони қабилаҳои маҳаллӣ ва садҳо Шӯроҳои мактабҳо дубора муассисаҳои таълимӣ ба кор шурӯъ карданд. Аммо ҳамоно феълан ҳудудан панҷ миллион тифли мактабхон дар Афғонистон дур аз мактабу таҳсил мемонанд ва вазифаи мақомот аст, ки онҳоро ба таҳсил дилгарм кунанд.

Дар ин замина сӯҳбате доштам бо як духтари 22-солаи афғонӣ, ки тоза мактабро хатм карда мехоҳад дар донишгоҳи ҳунарҳои зебо таҳсил кунад. Шукуфа Афзалӣ як сокини Ҳирот аст, ки дар сӯҳбат бо Ояндасоз гуфт, вай таҳсил дар мактаби миёнаро ҳанӯз то замони Толибон, яъне қабл аз соли 1996 шурӯъ карда буд. Вай гуфт, ки бо омадани Толибон ӯву духтарҳои дигари мактабхон маҷбур шуданд аз таҳсил дар канор монанд, вале волидони ӯ барояш шароит фароҳам оварданд, ки ба таври пинҳонӣ дар шароити хона таҳсили илм бигирад. Ва замоне, ки ҳукумати Толибон суқут кард, вай дубора ба мактаб баргашту чанд синф болотар таҳсили худро идома дод. Ӯ мегӯяд, ҳоло духтарҳои зиёд имкон доранд озодона ба хиёбонҳо бароянд, дар мактаб таҳсил кунанд ва дар муқоиса бо гузашта, ҳеҷ кас ҳоло ҳақ надорад ба онҳо ҳарфе бигӯяд ё монеае эҷод кунад.

Дар айни замон Шукуфа Афзалӣ афзуд, ки масъалаи монеагузорӣ ба таҳсили духтарон ҳамоно мушкили ҷиддии ҷомеаи Афғонистон аст, ба хусус дар манотиқи дурдаст ва мутаассиб ингуна намунаҳоро бисёр дидан мумкин мешавад. Ва сабаби кам таҳсил кардани духтарҳо дар зинаи болотар - яъне донишгоҳу мактабҳои олӣ ҳам боз дар ин аст, ки ба иловаи волидон бисёр вақт шавҳарҳо ва хонаводаи ҳамсаронашон монеи идомаи таҳсил ва баъдан кори онҳо мешавад.

Нависанда ва журналисти маъруфи норвежӣ Асне Сейерштад, ки соли 2001-2002 баъди як муддат зиндагиву кор дар Афғонистон китоби маъруфи худ "Китобфурӯши Кобул"-ро навиштааст, мегӯяд, баъди суқути режими Толибон тоҷирону китобдорони нисбатан доро ва ботаҷриба дар ҳамкорӣ бо Бунёди илм, фарҳанг ва маорифи СММ кӯшиш мекарданд китобҳои нави дарсиро дар шаҳрҳои Покистон ба чоп расонанд. Ин ҷо имконияти фаровони чопи китобҳои дарсӣ бо қиматҳои мусоид фароҳам буда, масалан дар шаҳри Лоҳур чунин чопхонаҳои аз назари қимату кор хеле дастрас зиёд аст.

Ва дар муқоиса бо даврони таҳти назари Шӯравӣ ва Толибон қарор доштани Афғонистон, ҳоло масъулони китобҳои дарсӣ ва таҳиягарон талош доранд бидуни омезиш ба ҳар гуна идеологияи сиёсӣ, бештар таваҷҷӯҳи шогирдони мактабро ба арзишҳои бунёдӣ ва таърихи миллии ин кишвар ҷалб кунанд. Ва ҳоло дигар дар синфҳои аввал ҳисобро на бо тиру туфанг, балки бо "себу ширинӣ", он чи ки ба рушди воқеии тифл мусоидат мекунад, омӯзиш медиҳанд.
XS
SM
MD
LG