Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари ЮНЕСКО дар Тоҷикистон


Имрӯз Коичиро Матсура-раиси ЮНЕСКО ё Муассисаи илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии СММ бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе мулоқот мекунад. Оқои Матсура дирӯз вориди Душанбе шуд ва бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ дошт. Интизор меравад, ки дар дидор бо оқои Раҳмон раҳбари ЮНЕСКО ҳамкориҳои ояндаи Тоҷикистон, аз ҷумла ворид кардани чанд мавзеъи торихии Тоҷикистон ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ баррасӣ шавад. Тоҷикистон маъбади буддоиён дар Аҷинатеппа, бақоёи шаҳри қадимии Саразм дар Панҷакент, Тахти Сангин ва амсоли онро барои ворид кардан дар ин феҳрист ба ЮНЕКО пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG