Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Демократҳои Искандаров “бедор” мешаванд?


Раҳматулло Валиев, муовини раҳбари Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров
Раҳматулло Валиев, муовини раҳбари Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров

Дар ҳоле ки мақомоти расмии Тоҷикистон ҳузур ва фаъолияти Ҳизби демократи ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро эътироф намекунанд, ин ҳизб дар як ҳафтаи ахир тавонистааст бори дигар таваҷҷӯҳи ҳукумат ва расонаҳоро ба худ ҷалб кунад.

Ин ҷиноҳи Ҳизби демократ дар як ҳафтаи гузашта барномаи зиддибӯҳронияшро муаррифӣ намуда, барои рӯзноманигорон низ чор ҷоиза таъсис ва тақдим кард.

Раҳматулло Валиев, муовини раҳбари Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров, фаъолшавии ҳизбашро омодагие барои интихоботи соли ояндаи парлумонӣ, тавре ки бархе аз коршиносон мегӯянд, надонист. Вай гуфт, ҳизбаш ба ҳар ҳодисаи марбут ба Тоҷикистон вокуниш нишон медиҳад ва ин дафъа ҳам вокуниши худро изҳор кардаасту тамом: “Ҳизби демократи Тоҷикистон тибқи барномаи худ фаъолият дорад ва дар ҳама гуна иқдом мекунад. Ва ин иқдоми ахири мо низ на ба он маъност, ки худро нишон диҳем ва на ба он хотир ки интихоботи парлумонӣ наздик аст. Ин вазифаи ҳар як ҳизби сиёсӣ аст, ки ба ҳама таҳаввулот дар ҷомеа фикри худро бигӯяд”.

Масъуд Собиров, раҳбари расман эътирофшудаи Ҳизби демократ, аз талошҳои ҷудогонаи бархе аз аъзои ҷиноҳи Искандаров истиқбол кард ва онро адои қарзи шаҳрвандиашон донист. Аммо пешниҳоди барнома аз номи садорати Ҳизби демократро ғайримуҷоз арзёбӣ кард ва гуфт, ки то кунун намедонад, пушти ин саҳнаи демократҳои Искандаров чӣ меистад: “Ин ки барнома пешниҳод кардаанд, барномаи Ҳоҷимуҳаммад Умаров буд. Ин заҳмати худи Умаров аст, на гурӯҳе бо роҳбарии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров. Ман ҳам намедонам, ки инҳо чӣ мехоҳанд”.

Бо ин вуҷуд мақомоти расмӣ то кунун дар баробари ин иқдомҳо ва фаъолшавии Ҳизби демократи ҷиноҳи Искандаров ҳарфе нагуфтаанд. Баръакс, бархе аз намояндаҳои дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ дар муаррифии барномаи зиддибӯҳронии онҳо ширкат ва суханронӣ кардаанд. Вале намояндагони Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки ҳич ҳизби сиёсиро рақиби ҳамвазни худ эътироф намекунанд, дар робита ба тасмимҳои ахири Ҳизби демократ бепарвоёна сӯҳбат мекунанд. Усмон Солеҳ, масъули бахши таҳлилии Ҳизби халқӣ - демократӣ гуфт, ҳизбаш ҷиноҳи Искандаровро қонунӣ намедонад ва аз ин рӯ, барнома ва тасмимҳои ин ҳизбро низ ғайриқонунӣ мешуморад. Вай тасмими демократҳои Искандаровро фақат як талоше барои тарғиби ҷиноҳи Искандаров ва тарафдорони онҳо арзёбӣ кард.

Ва аммо Сайфулло Сафаров, коршиноси Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, гуфт, вай аз ҳар талоше барои беҳбудии вазъ дар Тоҷикистон истиқбол мекунад ва аз ин қатор талоши ҷиноҳи Искандаров ҳам истисно нест: “Ҳамеша ба ин андешаам, пушти ҳар чизе чизе наистад, агар ба манфиати давлат ва миллат бошад, онро қабул мекунам. Аз ин рӯ, ҳич ҷойи тарс нест, баръакс мо бояд аз ин пешниҳдҳо ва фаъолшавии ҳизбҳои сиёсӣ шод бошем. Чунки бедории демократӣ, бедории сиёсии мардуми мо бойигарии кишвари мо аст”.

Бо ин ҳама, аксарият пинҳон намедоранд, ки дар даҳ моҳи пеш аз интихоботи парлумонии Тоҷикистон Ҳизби демократии ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров роҳҳои ширкаташ дар интихоботро ҷустуҷӯ мекунад. Агарчӣ мақомоти расмӣ ҳузури ин ҷиноҳро радд ва ширкати онҳо дар интихоботро ғайриқонунӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG