Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври 5-ум


Бозиҳои даври 5-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар меҳмонӣ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард, бо 13 имтиёз мавқеъашро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Голро Рустам Усмонов дар дақиқаи 60-ум ба самар расонд.

Бозии «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо дастаи меҳмон - «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода - бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт. Иброҳим Рабимов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 27-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро кушод. Асадулло Бобоҷонов, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 43-юм ҳисобро баробар кард.

«Истиқлол»-и Душанбе дастаи мизбон – «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Нахуст бозигари мизбонон Ҷамшед Ҳабибуллоев дар дақиқаи 37-ум тӯбро ба дарвозаи дастааш ворид кард. Баъди панҷ дақиқа Дилшод Восиев голи дуввумро ба дарвозаи «Гвардия» зад.

ССКА «Помир»-и Душанбе дар майдони худ бозиро бо «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен бо ҳисоби 1:1 анҷом дод. Чарлз Накути, легионери ССКА «Помир», дар дақиқаи 28-ум ҳисобро боз кард. Ҳусейн Аъзамов, бозигари «Спитамен», дар дақиқаи 86-ум тӯбро ба ҳадаф расонда, ба дастааш як имтиёз овард.

Вале «Равшан»-и Кӯлоб ба бозӣ бо тими мизбон – «Хуҷанд»-и Хуҷанд ҳозир нашуд. Бинобар ин «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб гашт. Бар асоси низомномаи мусобиқа агар «Равшан» бори дуввум аз бозӣ даст кашад, аз сабқат хориҷ хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, ки ду даста – «Вахш» ва «Парвоз» - ба мағлубият дучор нашудаанд. Дастаҳои CСKA «Помир» ва «Гвардия» бошанд, то ҳоло шаҳди ғалабаро начашидаанд.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 5-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

5

4

1

0

11-5

13

2.

«Регар» ТадАЗ

5

3

1

1

10-5

10

3.

«Истиқлол»

5

3

1

1

9-4

10

4.

«Хуҷанд»

5

3

1

1

8-4

10

5.

«Парвоз»

5

2

3

0

7-4

9

6.

«Спитамен»

5

1

2

2

6-8

5

7.

«Равшан»

5

1

1

3

6-10

4

8.

«Энергетик»

5

1

0

4

8-10

3

9.

CСKA «Помир»

5

0

2

3

4-10

2

10.

«Гвардия»

5

0

2

3

1-10

2


Беҳтарин голзанҳо: Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Шуҷоат Неъматов («Регар» ТадАЗ), Нӯъмон Ҳакимов, Субҳон Хоҷамов ва Рустам Усмонов (ҳарсе - «Вахш»), Зокир Абдулхайров («Равшан») - 3-голӣ.

Бозиҳои даври 6-ум: 9-уми май – «Равшан» - «Регар» ТадАЗ, «Спитамен» - «Парвоз», «Истиқлол» - ССКА «Помир», 10-уми май - «Вахш» - «Гвардия», «Хуҷанд» - «Энергетик» .

XS
SM
MD
LG