Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъкиди Муттакӣ ба бозбинии одилонаи қазияи Собирӣ


Вазири хориҷаи Эрон Манучеҳри Муттакӣ ҳамтои ҷопониаш Ҳирофумӣ Накасонэро, ки дар Теҳрон ба сар мебарад, итминони хотир дод, ки парвандаи хабарнигори бо ҷурми ҷосусӣ зиндонишудаи Амрико Роксана Собирӣ ба таври одилона бозбинӣ хоҳад шуд. Муттакӣ гуфт, бозбинии қазияи Собирӣ одилона ва инсондӯстона хоҳад гузашт. Накасонэ зимни боздидаш аз Теҳрон нигаронии худ дар бораи сарнавишти Роксана Собириро изҳор дошт. Собирӣ шаҳрванди ҳам Эрон ва ҳам Амрико буда, модараш аммо аз Ҷопон аст. Ӯ моҳи апрел бо ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG