Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти артиши Покистон дар Бунер


Мақомоти низомии Покистон мегӯянд, назорат бар шоҳроҳи калидии ноҳияи шимолуғарбии Бунерро ба даст овардаанд. Артиши Покистон ҳафтаи гузашта дар пайи аз водии Свот вориди Бунер шудани ҷангиёни толиб дар ин минтақаи воқеъ ҳамагӣ дар 100-километрии пойтахт, шаҳри Исломобод амалиёти низомӣ ба роҳ андохтанд. Низомиён мегӯянд, ин минтақаро ба зудӣ аз ҷангиён пок хоҳанд кард. Қаблан дар бораи ҳалокати 2 сарбози покистонӣ ва 12 ҷангӣ дар як даргирӣ дар минтақаи қабиланишини Мӯҳманд хабар расида буд.
XS
SM
MD
LG