Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гулшан"-у "Зебо" ба Русия сафар мекунанд


Гурӯҳҳои дар замони шӯравӣ шӯҳратёри эстрадии “Гулшан” ва рақсии “Зебо” рӯзи 27 май сафари ҳунарии худ ба ҷумҳурии Тотористони Русияро оғоз мекунанд. Ин сафари ҳунарӣ бо номи “Ситораборони шарқӣ” аз Тотористон оғоз ёфта, сипас дар ҷумҳуриҳои Чувашистону Бошқирдистон, вилояти Самара ва минтақаҳои Қафқози шимолии Русия идома хоҳад кард. Гурӯҳи эстрадии “Гулшан” ҳанӯз соли 1964 таъсис ёфта, дар аҳди шӯравӣ ҳама овозхонҳои аввали эстрадаи тоҷик, аз ҷумла Муқаддас Набиева, Тоҷиддини Муҳиддин, Хурмо Ширинова ва Кароматуллоҳи Қурбонро дар бар мегирифт. Гурӯҳи рақсии “Зебо” бо ибтикори раққосаи маъруф Зебо Аминзода соли 1978 таъсис ёфта буд.
XS
SM
MD
LG