Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, Амрико бояд дар муносибот бо раҳбарони Амрикои Лотинӣ ба манзури муқобила бо раванди нуфузи афзояндаи Чину Эрон дар ин минтақа талош биварзад. Хонум Клинтон гуфт, сиёсати маъмурияти раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш, ки раҳбарони ба сиёсатҳои Вошингтон мухолиф дар Амрикои Лотиниро дар инзивоъ қарор медод, ба нокомӣ ва ба зиёни манфиатҳои Амрико дар минтақа анҷомид.
Ҳилларӣ Клинтон, ки рӯзи ҷумъа дар баробари кормандони ин вазорат суханронӣ мекард, густариши нуфузи Эрону Чин дар саҳнаи Амрикои Лотиниро “ташвишовар” номид: “ Агар шумо ба пешрафтҳое, ки Эрон ва Чин дар Амрикои Лотинӣ ба даст овардаанд, нигоҳ андозед, ин комилан ташвишовар аст. Онҳо бо хеле аз раҳбарони ин минтақа равобити хеле қавии иқтисодиву сиёсӣ барқарор мекунанд. Ман фикр намекунам, ки ин ба манфиати мо бошад.”
Ин сӯҳбатҳои хонум Клинтон дар ҳоле садо медиҳанд, ки қарор аст, раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи 6 май силсиласафараш ба Амрикои Лотиниро аз дидори Бразил оғоз кунад. Ӯ ба дунбол аз Венесуэла низ дидан хоҳад кард.
Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ҷаҳони кунуниро “чандқутбӣ” хонд ва гуфт, Амрико дар ин саҳна бо қудратҳое, чун Русия ва Чину Эрон вориди рақобат шудааст: “Ҷаҳони имрӯза ҷаҳони чандқутбиест, ки мо дар он барои ҷалби таваҷҷӯҳ ва равобит дасти кам бо Русия ва Чину Эрон дар рақобат ҳастем. Ва ман фикр намекунам, ки пушт гардондан ба кишварҳое, ки дар доираи нуфузи мо қарор доранд, ба манфиати мо бошад. Аз ин рӯ, мо мехоҳем рӯи аҳдофи дигаре талош биварзем.”
Клинтон аммо мушаххасан ба фаъолиятҳои Русия дар минтақа таъкид накард, ки гуфтааст, мехоҳад дар кӯтоҳмуддат аз пойгоҳҳои низомии Кубаву Венесуэла истифода кунад.
Аммо ӯ аз талошҳои Вошингтон ба хотири ҷалби дубораи раҳбарони зиддиамрикоии минтақа пуштибонӣ кард. Вазири хориҷаи Амрико гуфт, Вошингтон роҳу шеваҳои бархӯрд ба Ҳуго Чавес, Даниэл Ортега, Рафаэл Корреа ва Иво Моралес - руъасои ҷумҳуриҳои Венесуэлаву Никарагуа ва Эквадору Боливия, 4 раҳбари мунаққиди шадиди Амрико дар минтақаро мавриди бозбинӣ қарор додааст.
Ҳилларӣ Клинтон аз ҷумла гуфт, Амрикову Венесуэла роҳҳои эҳёи равобит дар сатҳи сафиронро меомӯзанд.
Масъалаи дигар муносибати Амрико бо Кубаи коммунистист. Клинтон гуфт, Амрико дар мавзеъгириҳои оштинопазираш дар қиболи Ҳавана дар минтақа танҳо мондааст. Аммо ӯ афзуд, Амрико дар иваз аз ҷониби Куба низ баъзе гузаштҳо мехоҳад. Аз ҷумла дар масъалаи маҳбусини сиёсӣ, эҳтироми ҳуқуқи башар ва масоили дигаре назири ин.