Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Oҳанги монда дар гулӯ


Айман Удос, овозхони маъруфи паштутабори Покистон, аз сӯи бародаронаш кушта шуд
Айман Удос, овозхони маъруфи паштутабори Покистон, аз сӯи бародаронаш кушта шуд

“Oҳанги монда дар гулӯ” - чунин унвон дорад нахустматлаби маҷаллаи навбатии “Фарҳанг ва андеша”-и радиои Озодӣ.

Рӯзи 27-уми апрел дар манотиқи таҳти назорати Толибони Покистон яке аз маъруфтарин овозхонҳои муосири паштузабон хонум Айман Удос аз ҷониби бародаронаш ба қатл расид. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки овозхонии ин ҳунарманди 27-сола бародаронашро ба ғазаб оварда буд ва онҳо қатли хоҳарашронро "ҳифзи шарафи оилавӣ" унвон додаанд. Дар маҷалла хотироти яке аз кормандони бахши дарии радиои Озодй дар бораи ин ҳунарманди ҷавону хушсадо ва як намунае аз оҳангҳои иҷрокардаи вай ҷой дода шудааст.

Ахиран дар ҳайати як гурӯҳи меҳмонон аз Эрон, иборат аз созандагони филми дӯстдошта ва серхаридортарини мардум дар Тоҷикистон - «Юсуф-паёмбар», ба Душанбе омад. Онҳо бо ҳаводорони ин филм мулоқоту сӯҳбатҳо анҷом доданд. Ба гуфтаи коршиносон, тайи чандин даҳсола ба ин сӯ онҳо филмеро ёд надоранд, ки чунин маҳбубиятро дар миёни мардум касб карда бошад. Ҳамкорамон Каюмарси Ато бо ин ва чанд суоли дигари марбут ба вазъи соҳаи синамо дар Тоҷикистон бо коргардони шинохтаи тоҷик Сафарбек Солиев сӯҳбат кард, ки ахиран бо маблағи шахсиаш филми наверо бо номи “Даспонаи офтобӣ” тоза ба навор гирифтааст.

Сафарбек солиев аз ҷумла гуфтааст, «соҳаи кино ва рушди он маблағҳои зиёдеро тақозо дорад, фанноварии муосирро кор дорад ва бе инҳо филмбардорӣ умуман имкон надорад. Вазъи кино дар Тоҷикистон хеле ногувор аст ва як нақби торикро мемонад. Ман чанд филме бардоштам бо маблағҳои худам, гоҳ мошинамро фурухтаму гоҳ хонаамро. Маро ба кишварҳои дигар барои кор даъват мекунанд, аммо намехоҳам биравам. Чунки сарзаминамро хеле дӯст медорам ва мехоҳам коре андаке ҳам бошад, барои пешрафташ анҷом диҳам».

Матлаби дигари маҷаллаи «Фарҳанг ва андеша» дар бораи як рассом дар водии Рашт Назарвалии Сафарзод аст, ки барои нахустин бо ном тасмим гирифтааст, ки дар ин минтақа мактаби рассоми созмон диҳад. Агарчи аввалин ва беҳтарин саркардагони санъати наққошӣ Мониву Беҳзод ва даҳҳои дигар зодагони Машриқзамин будаанд ва дар замони муосир дар ҷаҳони ислом кам кишвареро метавон пайдо кард, ки санъати наққошӣ ва пайкарасозӣ ва кандакорӣ рушд накарда бошад. Дар Тоҷикистон низ рассомону ҳайкалтарошони шинохтаву хушсалиқа кам нестанд, ки тавассути ин ҳунари зебояшон кишвари худро ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаанд. Ҳамкорамон Маҳмуди Шодӣ аз минтақаи Рашт хабар медиҳад, ки наққоши маҳаллӣ Назарвалии Сафарзод ниҳоят ҷасорат кардаву дар ин ҷо мактабе созмон доданист ва мехоҳад ҷавонони дигаре, ки меҳри ин санъати зебову қадимаро дар дил мепарваранд, дар атрофи худ гирд овардад. Ҳарчанд ҳоло шогирдони вай ангуштшуморанд, аммо ӯ ноумед намешавад ва бовар дорад, ки ҳатман теъдоди ин ҷавонон меафзояд ва кӣ медонад, шояд рӯзе маҳсули шогирдони ин маҳфилро дар намоишгоҳҳои байнулмилалӣ тавонем бубинем.

Барои шунидани шумораи навбатии маҷаллаи “Фарҳанг ва андеша “ ишораи аудио аз тарафи рости болои саҳифаро нохун занед.


XS
SM
MD
LG