Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нурзай дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуд


Башир Нурзай аз соли 1990 ба ин сӯ раҳбарии як созмони байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро ба ӯҳда дошт
Башир Нурзай аз соли 1990 ба ин сӯ раҳбарии як созмони байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро ба ӯҳда дошт

Акнун ба назар мерасад, ки ба моҷарои пурсарусадои боздошти яке аз шахсиятҳои бонуфузи олами ҷиноии Афғонистон нуқта гузошта шуд.

Шоми панҷшанбе додгоҳи Ню-Йорк Башир Нурзайро барои абад равонаи зиндон кард ва нахост талошҳои ӯро барои дифоъ аз худ дар назар гирад, ки мегуфт, дар давоми солҳои зиёд ба нерӯҳои Амрико дар мубориза зидди Толибон кӯмак кардааст. Вай раҳбари қавми бо номи Нурзайи Афғонистон аст, ки ҳамчун серҷамъияттарин шохаи қавми паштун маҳсуб мешавад.

Исми Нурзай бори аввал моҳи сентябри порсол вирди забони расонаҳои хабарӣ қарор гирифт, ки дар Амрико боздошт ва алайҳи ӯ ду иттиҳом - тавтеае барои содироти ҳероин ба ИМА ва баъдан тавзеъи он дар ин қаламрав пеш гузошта шуд. Назар ба айбмониҳои додситонӣ Башир Нурзай аз соли 1990 ба ин сӯ раҳбарии як созмони байнулмилалии қочоқи маводи мухаддирро ба ӯҳда доштааст, ки бо тавлиди коргоҳӣ ё лаборатории ҳероин дар хоки Афғонистону Покистон машғул будааст. Онҳо гуфтанд, ки Нурзай барои сари қудрат омадани Толибон кӯмакҳо кардааст ва ба ивази таъмини амнияти ӯ барои идомаи тавлиди хашхош вай ба Толибон силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва маводи тарканда додааст.

Дар сухани дифоии худ Башир Нурзай гуфт, ки вай дар ҳамин муддат, яъне аз соли 1990 бо мақомоти Амрико ҳамкорӣ кардааст. Вай гуфт, барои маркази истихборотии Амрико дар харидории мушакҳои "Стингер" кӯмак карда, Муҷоҳидонро дар замони ҷанги зидди артиши Шӯравӣ бо силоҳ таъмин намудааст. Вай афзудааст, ки баъд аз ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 дар мулоқот бо маъмурони амрикоӣ роҷеъ ба Толибон ба онҳо маълумот додааст. Нурзай гуфт, маҳз ҳамин одамон барояш ваъда доданд, ки вақти вориди ИМА шуданаш боздошт нахоҳад шуд. Ин иддаоро ҷониби айбдоркунанда, яъне қозӣ рад кард.
Вай гуфтааст, дар тамоми ҳаёташ ҳеҷ коре накардааст, ки зидди ИМА, мардуми ин кишвар ва низоми додгустарии он равона шуда бошад


Хабарнигори Ройтерс дар идома аз ҷараёни муҳокимаи додгоҳӣ менависад, Башир Нурзай, ки синнаш аз 40 гузаштааст, дар нутқи дифоии худ рӯзи панҷшанбе таъкид кард: "дар тамоми ҳаёташ ҳеҷ коре накардааст, ки зидди ИМА, мардуми ин кишвар ва низоми додгустарии он равона шуда бошад". Нурзай ин суханонро бо кӯмаки тарҷумонаш дар додгоҳи федеролии Манҳеттен изҳор кард.

Деннӣ Чин, раиси мурофиаи додгоҳӣ, ҳангоми қироати ҳукми Нурзай гуфт, ки гузаштаи нафари муттаҳам ва шароити сафари ӯро ба ИМА, ки худ як ҳодисаи ғайриоддӣ аст, хуб омӯхта гуфта метавонад, ки бидуни шак мақомоти дахлдори ИМА бояд ӯро боздошт мекарданд. "Ин тасмим, - гуфтааст қозӣ Чин - бо назардошти сиёсати хориҷӣ гирифта мешавад".

Додгоҳи амрикоӣ мегӯяд, ки тиҷорати маводи мухаддири Нурзай ба ИМА таъсири харобкорона дошта ба мардуми хеле зиёд дар саросари ҷаҳон зарар расондааст. Ҳанӯз соли 2005 вазорати адлияи ИМА ӯро ҳамчун яке аз нерӯмандтарин ва пурхатартарин қочоқбарони маводи мухаддир дар ҷаҳон унвон карда буд. Аммо роҷеъ ба ҳаҷми муомилоти маводи мухаддир ва даромади Нурзай аз фурӯши ҳероин дар бозори сиёҳ иттилое дар даст нест.
XS
SM
MD
LG