Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавзеъгирии ИА дар бораи оби Осиёи Марказӣ такзиб шуд


Пер Морел-намояндаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо хабарҳои баъзе аз расонаҳои хабариро, ки суханони вайро дар бораи мушкилоти оби Осиёи Марказӣ бо таҳриф ба нашр расондаанд, такзиб кард. Дар ин бора сомонаи вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабаре ба нашр расондааст. Ахиран Пер Морел дар сафоратхонаи Олмон дар Душанбе дар бораи истифодаи захоири оби Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард. Баъд аз ин сӯҳбат баъзе расонаҳо суханони вайро дар бораи сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ таҳриф карданд, ки ба дунболи он баъзе сиёсатмадорони хориҷӣ ин суханони таҳрифшудаи Пер Морелро барои ҳадафҳои сиёсии худ сӯистифода карданд. Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Пер Морел гуфтааст, ки суханони вайро нодуруст тавзеҳ додаанд. Дар бораи мавзеъгирии Иттиҳодияи Аврупо нисбат ба ин масъала дар ояндаи наздик мақолае ба нашр хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG