Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зардорӣ ба ваҳдати миллӣ даъват кард


Раиси ҷумҳурии Покистон Осиф Алии Зардорӣ дар шароити идомаёбии амалиёти зидди Толибону ситезаҷӯён дар шимолу ғарб мардуми кишварро ба ваҳдати миллӣ даъват кард. Дар як изҳороте Зардорӣ аз покистониҳо хост, ки ихтилофҳои сиёсии худро канор гузошта пуштибонии ҳамаҷонибаи худро ба нирӯҳои амниятӣ нишон диҳанд. Ӯ гуфт, ки ин муҳориба барои ҳифзи ҳуқуқи демократии Покистон зидди бартарияти Толибон хеле муҳим аст. Аз ин пеш низомиёни покистонӣ гуфтанд, ки нирӯҳои онҳо назоратро бар шаҳри аслии минтақаи Бунер, воқеъ дар 100-километрии Исломобод ба даст оварда 50 ҷангиро дар давоми ду рӯз ба ҳалокат расонданд. Дар таҳаввулоти дигар шаш ҷангии муттаҳам бар асари таркиши як мушаки эҳтимолии амрикоӣ дар Вазиристони Ҷанубӣ кушта шуданд. Инчунин дар шаҳри Карочӣ дар як задухӯрди қавмӣ 20 нафар ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG