Ин бозор се сол қабл бо кумаки фаннии Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва кумакҳои молии давлати Шветсария ташкил шуда буд ва ҳоло дар Тоҷикистон шаш кишвари хусусӣ ва як ширкати давлатии лизинг дар бозор фаъол аст. Ба ин далел Корпоратсияи молии байнулмилалӣ сарнавишти ояндаи ин бозор ва расонидани кумакҳои фаннӣ ба ин бахшро бар души Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи созмонҳои хурди қарздиҳӣ ҳавола кардааст.
Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва Бонки ҷаҳонӣ дар ҷараёни баррасии барномаи сесолаи ташкилу тавсеаи бозори лизинг дар
Тоҷикистон гуфтаанд, ки тӯли ин се сол ширкатҳои лизингӣ ба маблағи 32 миллиону 400 ҳазор доллар додуситадҳоро анҷом додаанд, ки дар натиҷа ширкатҳои лизингии Тоҷикистон 7 миллион доллар даромад ба даст овардаанд.
Қабл аз он ки дар бораи бозори лизинг сӯҳбат кунем, ба тавзеҳи ин бозори ҷадид дар Тоҷикистон ниёз дорем. Ба ин далел дар гуфтугӯ бо Заррина Одинаева, ҳамоҳангсози барномаи ташкили бозори лизинг дар Тоҷикистон, ин суолро дар миён гузоштем. Заррина Одинаева гуфт, «лизинг низ ҳамон қарз аст, аммо на қарзи пулӣ. Агар тоҷир ё соҳибкор барои дарёфти қарзи пулӣ ба бонк муроҷиат кунанд, дар бозори лизинг ҳамин тоҷир ё соҳибкор барои хариди дастгоҳ ва ё таҷҳизоти лозим барои истеҳсолоташ ба ширкати лизинг муроҷиат мекунад. Ширкати лизинг ба соҳибкор ё тоҷир дастгоҳ мехарад. Ва тоҷир ё соҳибкор муваззаф аст, ки на дар як сол, балки тӯли се ё чор сол пули дастгоҳро баргардонад».
Ҳамоҳангсози барномаи ташкили бозори лизинг дар Тоҷикистон афзуд, тӯли ин се сол ширкатҳои лизингӣ барои 114 нафар тоҷир дастгоҳу таҷҳизотҳои мухталиф харидорӣ кардаанд, ки ба пешрафти бахши хусусӣ кумак кардааст. Барои мисол Заррина Одинаева гуфт, ширкати дорусозии «АнисФарм»-и шаҳри Регар се дафъа аз ширкатҳои лизинг дастгоҳу таҷҳизот ворид карда ва дар ҳоли ҳозир яке аз ширкатҳои бузурги дорусозӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меояд. Ҳамчунин вай гуфт, ширкати «Нахустлизинг», ки аз сӯи «Тоҷиксодиротбонк» ташкил шудааст, барои ширкати «ТоҷикЭйр» ҳавопаймои Боинг-757-ро харидорӣ кард.
Ба гуфтаи Заррина Одинаева, дар соли 2008 аз сӯи давлати Тоҷикистон ширкати «Агролизинг» ташкил шуд, ки он дар дарёфти васоили фаннӣ, аз ҷумла мошинолотҳои кишоварзӣ ба иттиҳодияҳои деҳқонӣ кумак мекунад. Ширкати «ЛизингФинанс» аз сӯи «Агроинвестбонк»-и Тоҷикистон ташкил шудааст.
Баҳром Шарифов, мушовири раиси «Агроинвестбонк», аҳамияти ин бозор дар пешрафти иқтисоди дар Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: «Ширкатҳои лизинг барои бо дастгоҳу фановариҳои ҷадид таъмин кардани бахши истеҳсоло кумак мекунад. Ба ин васила тоҷик ё соҳибкор имкон дорад, истеҳсолоти худро бо фанновариҳои нав бидуни қарз гирифтан аз бонкҳо таъмин кунад. Хариди ҳамчунин таҷҳизот аз тариҷи ширкатҳои лизинг дар пардохти молиёт ва тарофаҳои гумрукӣ аз имтиёз бархурдор аст, ки барои соҳибкор ё тоҷир арзон тамом мешавад ва вай имкон дорад тӯли се то панҷ сол пули ин дастгоҳ, ё фановариро баргардонад».
Ин дар ҳолест, ки тӯли се сол бо кумаки Корпоратсияи молии байнулмилалӣ ва кумакҳои молии давлати Шветсария дар Тоҷикистон ширкатҳои лизингии «Нахустлизинг» («Тоҷиксодиротбонк»), «ЛизингФинанс» («Агроинвестбонк»), «БРТ-Лизинг» (Бонки тавсеаи Тоҷикистон), «ОриёнЛизинг» («Ориёнбонк») ва «КоммерсЛизинг» («Тоҷикпромбонк») ташкил шудааст, ки дар ҳоли ҳозир дар пешрафти иқтисод, нақлиёту роҳ, коркарди маводи хом, тавлиди колоҳои санъатӣ ва ғизоӣ, ҳамчунин боғдориву пахтакорӣ фаъоланд.
6 сомонӣ, ин боҷ, ба бонк месупоред. Дар мо барои ин амалиёт ба ходимон ғайр аз ин пардот боз 10 сомонӣ ба даст медиҳед.
барои пул коркуни! дигар барои чи мешуд? аз инхо хама дилгир шуданд
6 сомони барои Чи????????
Озоди хоҳиш мекардам ҳамин саволро ба масъулин медодед охир шахсоне шиносномаҳои пластики доранд боз барои чи рафта изи ангушт месупоранд охир ҳама маълумотҳо дар шиносномаҳои нав ҳаст боз куҷоро тафтиш мекунанд??? Сим кортҳои алакай аз нав қайд карда шуд боз чихел тафтишот????
Энсиклопедисти овозадори форсу тоӌик Абубакр Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розї мегуяд-устод мураббї дар паҳлўҳои мухталифи зиндагї барои шогирд шахси носеҳ ва ѓамхорест, зеро ў ба шогирдон хислатҳои ҳамидаи инсонї, поксириштї, накўкорї, иффат, инсондўстї ва ѓайраро тарѓиб менамояд. Ў ба масъалаҳои тарбияи ахлоќию маънавї диќќати махсус дода, барои бартарафсозии душвориҳои ҳаёти одамон панду маслиҳатҳои муфиду ӌолиберо баён кардааст. Дар ӌараёни таълиму тарбия мутафаккир дар ӌойи аввал аќли солимро мегузорад ва баъдан тамоми рафтори инсониро дар асоси аќлу хиради ў баҳогузорї мекунад. Барои омўзгорону мураббиён тавсияҳо медиҳад ки онҳо дар роҳи тарбия аз толибилм ва донишӌў ба ҳеӌ ваӌҳ набояд малол ва озурда гарданд. Муаллима Дилбар Абдуҳакимова, омузгори фани забон ва адабиёт, ки таҷрибаи беш аз бистсолаи корӣ дорад шояд ягон хислати дар боло номбаршударо надошта бошад, зеро аз рафтораш маълум аст. Агар мо омўзгорон гуем, ки давлат барои мо 700 сомон маош медиҳад ва мо агар ҳар пагоҳирўзї талабагону донишӌўёнро бо химча занем албатта маоши мо баланд намешавад. Агар мо ба химчазаниҳои мактабдори давраи устод Садриддин Айнї нигарем, то устод аз он мактаб берун нашуданд, соҳиби илму маърифат нагаштанд. Бинобар ин, пешниҳоди ман ба муаллима Абдуҳакимова Д. ин аст, ки агар шумо хаста шуда бошед ва ќуввати муаллимагї карданро надошта бошед метавонед ба нафаќа бароед, зеро агар шумо ин коратонро давом додан гиред аз Балӌувон ва махсусан аз мактаби №4-и Оќбулоќ ягон нафар хонандаи солим намебарояд.