Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаракати мошинҳо аз роҳи Шаҳристон манъ шуд


Ба далели хавфи фаромадани баҳман ҳаракати мошинҳо дар ағбаи Шаҳристон, ки вилояти Суғдро бо марказ пайванд медиҳад, баста шудааст. Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба манобеъи Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон менависад, обшавии барф ва фаромадани тарма дар ду қисмати ин роҳ то ҳоло мавҷуд аст. Шаби бистуми апрел дар ин шоҳроҳ баҳман фаромада, роҳро масдуд ва боъиси мушкили фаровон дар равуои мусофирон шуда буд. Шоҳроҳи Душанбе–Хуҷанд, ки аз тариқи ағбаҳои Анзобу Шаҳристон мегузарад, танҳо масири иртиботӣ байни вилояти Суғд ва маркази Тоҷикистон аст. Бозсозии ин шоҳроҳ, ки бар пояи наздики 300 миллион доллар маблағгузориии Чин ва тавассути ширкати чиноии “China Road” иҷро мешавад, қарор аст, то поёни соли ҷорӣ анҷом ёбад.
XS
SM
MD
LG