Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати сарбози бритониёӣ дар Афғонистон


Низомиёни бритониёӣ гуфтанд, ки дар ҷануби Афғонистон бар асари таркише яке аз сарбозони онҳо ба ҳалокат расид. Вазорати дифои ин кишвар гуфт, ки сарбози баталёни якум рӯзи сешанбе дар минтақаи шимолушарқи Гиришки вилояти Ҳилманд кушта шуд. Сабаби рӯй додани таркиш таҳқиқ мешавад. Бо марги сарбози бритониёӣ шумори куллии талафоти низомиёни ин кишвар дар Афғонистон шурӯъ аз моҳи октябри соли 2001 ба 153 нафар баробар шуд.
XS
SM
MD
LG