Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми мулоқоти оби Осиёи Марказӣ бидуни созиш


Имрӯз раисони ҷумҳуриҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато бо ҳам мулоқот ва масъалаҳои камбуди об дар ин минтақаро баррасӣ карданд, аммо онҳо натавонистанд ихтилофот мавҷударо бартараф созанд. Ин мулоқоти якрӯзаи раҳбарон аслан ба масъалаи ҳифзи баҳри Арал ихтисос дошт, вале раҳбарон имкон доштанд, ки ба таври ошкор роҷеъ ба тақсими оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ дар минтақа бо ҳам гуфтугӯ кунанд. Дар ин мулоқот Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон чунин гуфт:


"Кишвари мо пайгирона таъаҳудоти худро дар чаҳорчӯбаи Бунёди Арал иҷро кардааст ва ба таври фаъол дар ҳали мушкилиҳои ҳавзаи баҳри Арал ҳам дар кишвари худ ва ҳам дар миқёси минтақаву ҷаҳон ҳаморӣ кардааст".

Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои дорои об талош доштанд норизоятиҳои худро роҷеъ ба истифодаи об матраҳ кунанд, вале Қазоқистону Ӯзбекистон кишварҳои масрафкунандаи он саъй мекарданд, танҳо масъалаҳои баҳри Арал баррасӣ шавад. Туркманистон мавқеъи бетарфиро ишғол карда буд. Мулоқоти раҳбарон бидуни ризоят анҷом ёфт, вале онҳо қавл доданд, ки роҳҳои рафъи ин мушкилиҳоро дар оянда ҷустуҷӯ мекунанд.

XS
SM
MD
LG