Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай дар интихобот ширкат мекунад


Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомиди Карзай таъйид кард, ки дар интихоботи 20 август номзадии худро дубора пешбарӣ хоҳад кард. Вай дар як нишасти матбуотӣ бо нахуствазири Бритониё гуфт, ки ният дорад номзадии худро ба интихобот пешбарӣ кунад, аммо аз таърихи дақиқе ёд накард. Ин нахустин бор аст, ки Карзай ба таври расмӣ дар бораи нияти ширкаташ дар интихобот лаб мекушояд. Рӯзи шанбе мӯҳлати дуҳафтаинаи сабти номи номзадҳои интихоботи президентии Афғонистон шурӯъ шуд. Ҳомиди Карзай раҳбарии Афғонистонро баъди суқути ҳукумати Толибон дар соли 2001 ба ӯҳда гирифт ва баъдан дар интихоботи демократии соли 2004 ба мақоми раиси ҷумҳурии Афғонистон интихоб шуд. Дар миёни довталабони эҳтимолии дигари курсии раёсатҷумҳурии Афғонистон вазири пешини хориҷӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳ, вазирони собиқи молия Анвар-ул-Ҳақ Аҳадӣ ва Ашраф Ғанӣ ва инчунин волии Нангарҳор Гул Оғо Шерзай ном бурда мешаванд.
XS
SM
MD
LG