Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷи ҳушдорҳои байналмилалӣ алайҳи зукоми хук


Кумиссари беҳдошти ИА Андроулла Вассилиу имрӯз сокинони Аврупоро аз сафар ба манотиқе, ки бемории қаттоли зукоми хук шуйюъ кардааст, ҳушдор дод. Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама ин маризиро мояи нигаронӣ хонд, вале гуфт, вазъ ҳанӯз изтиробовар нест. Тайи чанд рӯзи кашф шудани зукоми хук дар Мексика бар асари ин беморӣ беш аз 100 нафар ҷони худро аз даст дода, мавридҳои гирифторӣ ба зукоми хук ҳамчунин дар Амрикову Канада ва Испания низ сабт шудаанд. Дар чандин кишвари дигари ҷаҳон низ афродеро, ки эҳтимолан ба зукоми хук печидаанд, таҳти муоина қарор додаанд. Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз имкони густариши зукоми хук ҳушдор дод, вале гуфт, ҷаҳон барои муқобила бо он хуб омода шудааст.
XS
SM
MD
LG