Дар нишасте, ки ҳафтаи гузашта дар Маскав баргузор шуд, дувоздаҳумин гузориши СММ дар бораи рушди нирӯҳои инсонии Русия баррасӣ шуд.
Яке аз муаллифони гузориши БРСММ – раиси Пажӯҳишгоҳи умури ҷамъиятшиносии Донишгоҳи олии иқтисодии Русия, Анатолий Вишневский, мегӯяд, ки дар 16 соли гузашта аҳолии ин кишвар 12,3 млн нафар камтар шудааст ва агар ин коҳиш ҳамчунон идома ёбад, дар 40 соли оянда аҳолии Русия 26 млн нафар камтар хоҳад шуд.
Вай ҳамчунин гуфт ки афзоиши теъдоди бознишастагон ва кӯдакон низ бар мушкилоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар хоҳад афзуд. Оморгарон пешбинӣ кардаанд, ки дар соли 2025 дар баробари ҳар 1000 нафар коргар 800 нафар кӯдаку бознишаста рост хоҳад омад.
Коршиносони риштаи ҷамъиятшиносӣ ва сиёсати иҷтимоӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирӣ аз коҳиши шумораи аҳолӣ ва камбуди нирӯи кории Русияро дар ҷалби муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, асосан Тоҷикистон ва Узбакистон, мебинанд.
Мудири Маркази пажӯҳиши муҳоҷират, Елена Тюрюканова, бар ин назар аст ки ҷалби муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсуд (СНГ) барои Русия ҳамчунон судманд хоҳад монд.
Вай мегӯяд ки дар 15 соли гузашта (1992 – 2007) муҳоҷирон ҳудудан ниме аз теъдоди коҳиши аҳолии Русияро ҷуброн кардаанд ва ин кишвар бояд барои афзоиши теъдоди бештари муҳоҷирон ва ҳамгироии онҳо бо ҷомеаи Русия талош кунад.
Коршиноси Созмони ҷаҳонии кор, Наталия Шербакова, ба радиои “Озодӣ” гуфт ки Русия барои ҷалби муҳоҷирон ва ҳамгироии онҳо бо ҷомеа баромаҳои вижаеро дар даст дорад. Ба гуфтаи вай ҳадафи аслии ин барномаҳо ҷалби шаҳрвандони пешини шӯравист ки ё рустаборанд ва ё парвардаи фарҳанги шӯравӣ ҳастанд.
Ҳамзамон раиси Итиҳодияи тоҷикистониёни Русия, Абдулло Давлатов, бар ин бовар аст ки ҷалби муҳоҷирон барномаи муваққатӣ ҳаст ва Русия дар дарозмуддат ниёзе ба муҳоҷирон надорад. Вай мегӯяд ки ҷомеаи Русия тавони онро дорад ки аз хатари коҳиш раҳо ёбад ва дар оянда рӯ ба афзоиш ниҳад.
Бино бар охирин омори расмӣ дар оғози соли 2009 дар Русия ҳудуди 142 млн нафар ҷамъият зиндагӣ мекунад, ки аз ин миён теъдоди нирӯи корӣ барои кишваре бад-ин бузургӣ басанда нест. Ҳамакнун камбуди нирӯи кориро муҳоҷирон аз кишварҳои ҳамсуд ҷуброн мекунанд, ки бештари онҳо аз Украина ва Узбакистон омадаанд.
Константин Ромодановский, раиси Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ахиран дар як нишасти хабарӣ шумораи муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ дар Русияро 500 ҳазор нафар эълом кард.