Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

General Motors даст ба ислоҳи сохтор хоҳад зад


General Motors, бузургтарин ширкати мошинсозии Амрико, ки дар вазъи мушкили молӣ уфтодааст, имрӯз барномаи ислоҳоти сохториашро эълон мекунад. Ин барнома ғолибан аз тамғаи маъруфи Pontiac даст кашидани General Motors ва бастани корхонаҳои бештари мошинсозиро дар бар мегирад. General Motors ба хотири ҳифзи худ аз давлати Амрико 15,4 миллиард доллар қарз гирифта, муваззаф шудааст, ислоҳоти сохториашро то 1 июн ба роҳ андозад, вагарна ба варшикастагӣ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG