Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳодҳои зиддибӯҳронии демократҳои тоҷик


Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров

Ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе барномаи зиддибӯҳрониашро муаррифӣ кард.

Ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандарови Ҳизби демократи Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе барномаи зиддибӯҳрониашро муаррифӣ кард. Демократҳо таъмини шаффофияти бонкҳо, тобеъи ҳукумат гардондани Бонки миллӣ, назорати шадиди шеваи истифодаи қарзу кӯмакҳое, ки ба Тоҷикистон ироа мешаванд, мубориза бо фасод ва бознигарии натиҷаҳои хусусигардонии корхонаҳои давлатиро аз ҷумлаи роҳҳои муқобила бо бӯҳрон меноманд.

Муовини раиси ҳизб- доктори улуми иқтисод Ҳоҷимуҳаммад Умаров гуфт, поёни бӯҳрони ҷаҳонӣ ҳанӯз наздик нест ва асароти ин бӯҳрон ба хусус барои Тоҷикистон, ки тайи солҳои истиқлолияташ чандин бор ба бӯҳронҳо мувоҷеҳ шудааст, хеле маҳсус хоҳад буд.Оқои Умаров гуфт, интизор меравад, ҳукумат низ то 2 рӯзи дигар барномаи зиддибӯҳрониашро дар парлумон муаррифӣ кунад ва демократҳо баҳаимн хотир, ки пешниҳодҳои онон низ дар барномаи давлат роҳ биёбанд, дар амри муаррифии барномаи зиддибӯҳронии худ пешдастӣ кардаанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG