Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷаҳон дар изтироб аз "зукоми хук"


Мақомоти беҳдоштӣ бонги изтироб мезананд - ба мардуми сайёра хатари нав таҳдид мекунад, хатари гирифторӣ ба вируси нави маризии “зукоми хук”.

Масъулини бахши ҳифзи сиҳат дар кишварҳои гуногун роҳҳои ҷилавгирӣ аз паҳншавии ин вирусро меҷӯянд, ки бар асари он дар Мексика аллакай 81 нафар аз олам даргузаштаанд.

Тақрибан яку ним ҳазор нафар сокини дигари ин кишвар дар бемористон таҳти назорати табибон қарор доранд. Баъди аз сӯи табибони мексикоӣ таъийд шудани 20 далели аз як фард ба фарди дигар гузаштани “зукоми хук”, Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз хатари пандемияи нав ҳушдор дод. Ба иттилоъи ин созмон, вируси ғайримуқаррарии ЕйЕйчАйЭнАй аз вирусҳои мурғ, хук ва инсон таркиб ёфтааст ва он метавонад аз як фард ба фарди дигар тавассути сулфа ва ё атса сироят кунад. Ин иттилоъ мақомоти Мексикаро водор сохт, ки садҳо чорабиниҳои оммавиро лағв ва ҷойҳои таҷаммӯъи мардум – мактабу донишгоҳҳо, тарабхонаву театрҳо, варзишгоҳу осорхона ва ҳатто ибодатгоҳҳоро бубанданд. Онҳо ба мардум ташреҳ карданд, ки фақат аз ин роҳ метавон аз табдил ёфтани пойтахти кишвар Мехико ба маркази паҳншавии маризии “зукоми хук” ҷилавгирӣ кард. Раисҷумҳури Мексика Филипе Карделон низ дар як паём ба мардум аз паёмадҳои сангини ин вируси марговар ҳушдор дод.

Кормандони вазорати ҳифзи сиҳат бо паҳн кардани варақаҳо аз мардум дархост мекунанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз хуруҷи маризӣ даҳону бинии худро пӯшонанд ва пайваста дастҳояшонро бишӯянд. Алайҳи маризии “зукоми хук” ҳанӯз ягон ваксина ихтироъ нашудааст ва алҳол маълум нест, ки давоҳои сармохурдагӣ то куҷо тавони муқовимат бо ин вирусро доранд.

Табибон ҳамчунин аз он бонги изтироб мезананд, ки ин вирус аллакай дар ИМА низ паҳн шудааст - дар иёлатҳои Калифорния, Канзас ва Ню-Йорк дар маҷмӯъ 11 нафар ба “зукоми хук” гирифтор шудаанд ва аммо табибон мегӯянд, ки ҳашт нафари онҳо аллакай шифо ёфтаанд.

Донишмандони бахши тиб солҳо боз аз имкони рух додани пандемия бар асари махлутшавии вирусҳои инсон ва ҳайвонот ҳушдор медоданд. Маргарет Чан, раиси кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, хуруҷи “зукоми хук” дар Мексика ва Иёлоти Муттаҳида воқеъан ҳам метавонад боиси пандемия дар сартосари ҷаҳон шавад. Грегори Ҳортл, дигар намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ба он нуктаҳо ишора мекунад, ки вируси зукоми хук баъди гузаштани мавсими сармо паҳн мешавад ва афроди ба он мубталошуда на тифлону кӯҳансолон, балки ҷавонону миёнсолонанд.

Дар ҳамин ҳол мақомоти беҳдошти Фаронса имрӯз аз ошкор шудани нишонаҳои маризӣ дар сайёҳони аз Мексико баргашта хабар доданд. Бузургтарин фурудгоҳи байнулмилалии Токио тафтиши мусофиронро ба хотири ошкор кардани гирифтори “зукоми хук” ташдид бахшид, аз ҳамин гуна чораҳо дар фурудгоҳҳои Ҳонконг ва Таиланд низ кор гирифта мешавад.

Мақомоти Русия ҳам эълом доштанд, ҳама мусофироне, ки аз Мексика ва Иёлоти Муттаҳида вориди кишвар мешаванд, мавриди ташхиси ҷиддӣ қарор мегиранд. Маскав воридоти гушти хук аз Мексика, баъзе иёлатҳои Амрико ва аз кишварҳои ҳавзаи Карибро манъ кард.
XS
SM
MD
LG