Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 12 кудак дар ду таркиш дар Покистон


Бар асари таркиши норинҷак дар як мавзеъи кӯҳии Вазиристони шимолӣ, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон чаҳор кудак ва волидайни онҳо кушта шудаанд. Тибқи хабарҳо, инифҷор дар ҳоле рух дод, ки аҳли хонаводаи бузург – волидайн ва 8 кудак савори мошин буданд. Гуфта мешавад, ки дар мошин силоҳ ва чанд норинҷак мавҷуд буд ва аммо ҳанӯз сабаби аслии таркиш рушан нест. Дар Вазиристони шимолӣ мусаллаҳони мухолифи ҳукумат фаъоланд ва мардуми маҳаллӣ низ ба таври кофӣ силоҳ доранд.
Дар ҳамин ҳол аз ноҳияи Ловер Дир, ки низ дар шимолу ғарби Покистон воқеъ аст, аз ҳалокати 12 кудак бар асари таркиш хабар расид. Чаҳор нафари дигар, аз ҷумла, як зан ҷароҳат бардоштанд. Гуфта мешавад, ки 7 нафари кушташудагон аҳли як хонаводаанд. Ба иттилоъи идораи маҳаллии полис, кудакон як бомбро пайдо карда хостанд бо он бозӣ кунанд ва ғайриинтизор таркиш ба амал омад. Ҳанӯз маълум нест, ки ин ҳамлаи тарҳрезишудаи террористӣ буд ё тасодуф. Юсуф Ризо Гелонӣ, сарвазири Покистон аз ҳалокати кудакони бегуноҳ изҳори таассуф ва андӯҳ кард.
XS
SM
MD
LG