Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Ҳилларӣ Клинтон бо раҳбарони Ироқ


Ҳиллари Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, дар ҷараёни сафари ғайриинтизораш ба Ироқ имрӯз бо президенти ин кишвар Ҷалоли Толибонӣ ва сарвазир Нурӣ Ал-Моликӣ дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ ҳамчунин бо фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ Реймонд Одиерно мулоқот кард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, хонум Клинтон бо мардуми Бағдод низ ҳамсӯҳбат шудааст.
Сафари вазири хориҷаи Амрико ба Ироқ дар ҳоле сурат гирифт, ки вазъ дар ин ҷо дубора муташанниҷ шудааст ва дар ду рӯзи ахир бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ тақрибан 150 нафар ба ҳалокат расиданд. Рӯзи ҷумъа ду бомбгузори маргталаб худро дар назди дарвозаи як масҷиди мӯътабари шиаҳои Бағдод тарконданд, ки бар асари он дасти кам 55 нафар кушта шуданд. Як рӯз аз ин пеш ду таркиши мудҳиш дар Бағдод ва дар вилояти Диёла ба риштаи умри 90 нафар миқроз зада буд.
Қарор аст тобистони имсол низомиёни амрикоӣ бештари шаҳрҳои бузурги Ироқро тарк кунанд.
XS
SM
MD
LG