Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳо ба зарардидагони сел


Созмонҳои байналмилалӣ ва ҳукумати вилояти Хатлон тасмим гирифтанд, ба зарардидагони селборишҳои паёпай дар ноҳияи Хуросон мадад кунанд.

Сокинони маҳалли офат мегӯянд, бар асари селбориши ахир хисороти қобили мулоҳиза бардошта ва бидуни хонаву дар шудаанд. Ба иттилои Гурӯҳи зудамали таҳқиқу ҳамоҳангсозӣ мавсум ба РЕАКТ, дар баробари қисман ва комилан тахриб шудани хонаҳо, ҳамчунин 161 хоҷагӣ ва қитъаҳои замини кишоварзӣ зери лой монда, гандум, картошка ва пиёзи коридашуда батамом нобуд гардидааст. Ҳар як оила ба ҳисоби миёни 0,15 га замин дар ихтиёр доштааст, ки талаф додаст.

Наздик ба ду километр роҳҳои дохилии деҳа бо лой вайрон шуда, бидуни мӯзаҳои резинӣ гаштугузор кардан номумкин аст.
Саидқул Шомалангзода, сухангӯи раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар маҳалли офатзада идомаи зиндагӣ ва барқарор кардани манозили зисти тахрибшудаю зери лоймонда имконнопазир менамояд, ҳукумати Хатлон тасмим гирифтаст дар мавзеи дигари ноҳияи Хуросон ба ҳар оилаи зарардида қитъаи замин ихтисос бидиҳад.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, сар аз рӯзи ҷумъаи 24-уми апрел маъракаи ироаи кӯмакҳои ғизоӣ ва хаймаву маводи дорувор ба зарардидагон шурӯъ шудааст:

«Ҳамагӣ хайма - 35 адад, орд - 9 тонна, равған – 390 литр, биринҷ – 700 кг, шакар – 41 кг, картошка – 1400 кг, пиёз - 1395 кг, кӯрпаву ҷойхоб ва либосҳои гарм расидааст ба ситод ва масъулин ба тақсимот оғоз кардаанд. Ин кӯмакҳо аз ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ, мисли Ҳилоли Аҳмар, ЮНИСЕФ, «Наҷоти кӯдакон» БР СММ ва ғайра расидаанд. Ҳамчунин ҳукумати Хатлон бо Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи ихтисоси кӯмакҳои пулию молиро ба оилаҳои зарардида баррасӣ доранд, ки ояндаи наздик бояд расад».

Ба гуфтаи сухангӯи раиси ҳукумати Хатлон, дар ҳоли ҳозир ситоди вижаи арзёбӣ ва рафъи пайомадҳои офати табиӣ дар деҳаи «18-ум Партсйезд» таъсис дода шуда, ба он яке аз муовинони раиси вилоят раҳбарӣ мекунад.

Барои бартарафсозии авоқиби ҳодиса булдозеру тракторҳои хокрӯб, сӯзишворӣ, энержӣ ва нерӯи изофии корӣ лозим будааст. Илова бар ин, сокинони маҳаллии хонавайрон, ки ҳамчунин ҳосили кишташонро талаф додаанд, ба маводи озуқа ниёз доштаанд.

Яке аз намояндагони Барномаи идоракунии хафви ҳаводиси табиӣ аз Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, рӯзи шанбе аз ҷониби ин созмони байналмилалӣ ба кӯмаки зарардидагони селбориши деҳаи «18-ум Партсйезд» лавозимот ирсол мешавад:

«Тасмим гирифта шудааст 30 адад хайма ва 3-4 бочкаҳои 5-тоннагии резинӣ барои гирифтани об ба маҳалли офат расонида шавад. Ғайр аз ин ихтисоси кӯмакҳои дигар низ дар назар гирифта шудааст. Мо ҳамчунин ҳамоҳанг карда истодаем, кӯмакҳои расида аз сӯйи созмонҳои байналмилалиро…»

Бо гузашти чаҳор шабонарӯз мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ ҳанӯз дар арзёбии кулли хисороти расида бар асари селбориш дар деҳаи «18-ум Партсйезд» оҷизӣ мекашанд. Дар айни ҳол танҳо ниёзмандиҳои сокинони маҳалли офатдида омӯзиш мешавад.

Ба иттилои мақомот, ҷамъияти беш аз нимҳазорнафараи деҳоти «18-уми Партсйезди боло», «Партсйезди поён» ва «Ҳалқаҷар»-и ноҳияи Хуросон аз манозили зисти худ маҳрум шудаанд ва барояшон танҳо 35 адад хайма дода шудааст.
XS
SM
MD
LG