Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хатари марговар"-и Покистон дар чист?


Мушовирони раиси ҷумҳурии Амрико, Барак Обама, мегӯянд, ки бадтарин сенарияи Покистони дорои силоҳи ҳастаӣ ин мешавад, ки агар ин кишвар таҳти назорати ҷангиёни Ал-Қоида гузарад.

Юсуф Ризо Гелонӣ, нахуствазири Покистон ба таъкид мехоҳад мутақоид созад, ки ҳеҷ гоҳ ҳеҷ як гурӯҳи низомие наметавонад ҳукумати ин кишварро ба чолиш кашонад ва аслан таъсисоти ҳастаии ин кишвар дар як шароити боамн ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.

Аммо бо ин вуҷуд изҳороти ахири вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон барои бисёриҳо ҳамчун ҳушдори ҷиддие аз хатароти эҳтимолии Покистон садо дод. Вай гуфт, ки бо таҳти контроли Толибон гузаштани як вилояти ин кишвар ҳоло Покистон ба амнияти ҷаҳон хатари марговаре эҷод мекунад.

Ҷорҷ Перкович, як масъули созмони Карнегӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки дар марҳилаи кунунӣ хатари ба дасти тундгароҳои исломӣ афтодани аслиҳаи ҳастаии Покистон бояд ҷиддӣ гирифта шавад: "Солҳои зиёд аст, ки мардум ингуна нигарониро баён мекунанд. Назари ман ин аст, ки то имрӯз мардум воҳимаи зиёд мекарданд. Дар Покистон 10 ё 12 масъалаи таҳдидомези дигаре ҳамчунон вуҷуд дорад, ки мисли ҳамин масъала хеле ҷиддӣ арзёбӣ мешавад. Солҳои охир ин масъала боз ҳам ҷиддитар пазируфта мешавад. Ва ҳоло чунин эҳсос мешавад, ки баъзе бахшҳои Покистон аз таҳти назаорати ҳукумат берун мераванд. Ҳоло назар ба гузашта бояд воқеан ҳам бештар дар масъалаи хатари афзояндаи ҳастаӣ фикр кард, чунки дигар ин чиз воҳима не, воқеият аст".

Аксар мутахассисон итминон медиҳанд, ки назар ба гузашта ҳоло аслиҳаи ҳастаии Покистон хуб ҳимоят шуда, таҳти назорати бахши банақшагирии стратегии Покистон аст, ки як сохтори амниятӣ буда, раҳбарии онро донишманди 58-сола, генерал Холид Кидвай, ба ӯҳда дорад. Ва ӯ яке аз нафарони боэътимодест, ки ҳеҷ гоҳ намегузорад, гурӯҳҳои исломӣ ё Ал-Қоида ба таъсисоти ҳастаии Покистон дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҷефф Лайтфут, ёвари раиси барномаҳои амнияти байналмилалии Шӯрои атлантикӣ гуфт, ки вай дар ин замина чандон ҳарос надорад, чунки хатаре, ки аз ситезаҷӯён дар айни замон бармехезад, бештар ба худи Покистон ва баъдан ба ҳамсояҳояш Афғонистону Ҳинд таҳдид мекунад. Вай гуфт: "Хатари азимтарин ин аст, ки шумо шоҳиди ба истилоҳ хунрезии тадриҷии мақомоти Покистон дар қисмати зиёди ин кишвар мешавед, ки дигар ба ҳукумати марказӣ тобеъ намешаванд. Инчунин шумо шоҳиди мушкилоти идеологӣ ҳастед, ки ширеши муттаҳидкунандаи ин кишвар, яъне артиши Покистон, ҳеҷ нишон доданӣ нест, ки тавони назорат ва ҳимояти сарҳадҳои худ ва таъмини якпорчагии ин кишварро дорад. Дар масъалаи аслиҳаи ҳастаӣ ва эҳтимоли ба дасти террористҳо гузаштани он, шарт нест, ки артиш контроли тамоми Покистонро ба ӯҳда дошта бошад".

Таҳлилгар Перкович мегӯяд, ки ҳоло ҳатто дар сурати зарба дидани ҳукумати дунявии Покистон бархе замонатҳое вуҷуд дорад, ки аз амн мондани аслиҳаи ҳастаии ин кишвар дарак медиҳад. Вай афзуд: "Аҳамияти ҳукумати дунявӣ барои наазорат аз болои аслиҳаи ҳастаӣ муҳим нест. Ин як масъалаест, ки сирф ба артиш вобаста аст. Эҳсоси қавии мо ин аст, ки силоҳҳои ҳастаии Покистон аз ҷониби баъзе унсурҳое дар артиш назорат мешаванд, ки ҳамаашон афроди мунтахаб буда, қобили эътимоданд. То замоне, ки назорати низомӣ аз болои ин барнома ба ин шакл қавӣ бошад, метавон мутмаин буд, ки аслиҳаи мазкур беақлона истифода намешавад".

Вай афзуд, ки хатари воқеӣ танҳо дар сурати дучори як ҷанги дохилӣ шудани Покистону сар задани як кудатои низомӣ ва ё сари қудрат омадани Толибон пеш хоҳад омад.

Роҷеъ ба миқдор ва ҳаҷми аслиҳаи ҳастаии Покистон иттилои мушаххас нест. Ин кишвар қарордоди адами тавсеаи силоҳи ҳастаиро имзо накардааст ва аз ин хотир маълумоти зарурӣ роҷеъ ба тавонмандиҳои атомии Покистон дар даст нест.

Мутахассисон тахмин мезананд, ки эҳтимолан ин силоҳҳо аз даҳҳо то 150 ададро ташкил диҳад. Соли 2007 раиси ҷумҳурии вақти Покистон, Парвиз Мушарраф, гуфта буд, ки силоҳҳо ҳолати таҷзияшуда доранд, яъне ба эҳтимоли ғолиб, ҳамаи кулоҳакҳо ҷудо аз мушакҳои болдор нигаҳдорӣ мешаванд. Ба баъзе тахминҳо, ин силоҳҳо тавони задани ҳадафҳоеро дуртар аз Деҳлии Нави Ҳиндро доранд. Генерал Кидвай гуфтааст, ки дар сурати зарурӣ кулоҳакҳо ба зудӣ тавассути системаҳои замин ва ҳаво ба ҳам оварда мешаванд.
Сет Ҷонс, коршиносе, ки дар Покистон бо пажӯҳишҳои амниятӣ машғул аст, гуфт, ки вай дар маконҳои аслии ин кишвар бо вазъи силоҳҳо шинос шуд ва ҳоло итминони хотир медиҳад, ки аслиҳа ба ҳамон шакли таҷзияшуда ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG