Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар роҳ ба сӯи Аврупо


Қзоқистоне, ки соли 2010-ум ба муддати як сол раҳбарии даврии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро бар дӯш хоҳад гирифт, бо ҳар роҳу восита саъй дорад, худро ҳамчун кишвари муттамаддини ҷавобгӯи меъёрҳои аврупоӣ ҷилвагар намояд.

Бо ин ҳадаф дар Қазоқистон барномаи хосе зери унвони "Барномаи Ҷумҳурии Қазоқистон: Роҳ ба Аврупо таҳия шудааст. Ин чӣ роҳ асту кай Қазоқистон ба тай намудани он муваффақ хоҳад шуд?

Ҳафтаи равон аснои арзёбии дурнамои сиёсии Қазоқистон сафири ин кишвар дар Маскав Одилбек Ҷақсибеков изҳор намуд, ки дар дарозмуддат ин кишвар ҳадаф дорад ба узвияти Иттиҳодияи Аврупо шомил гардад. Ба қавли Ҷақсибеков Остона мехоҳад ҳамчун шарики баробарҳуқуқ вориди ин созмон шавад. Сафири қазоқ мегӯяд, стратегияи ин дарозмуддати ин кишвар зери унвони "Роҳ ба Аврупо" солҳои зиёдеро дар бар хоҳад гирифт.

Дар як сӯҳбати телефонӣ шореҳи рус Аркадий Дубнов аз гуфт, ки Одилбек Ҷақсибеков, ки дар гузашта раиси дастгоҳи президент Назарбоев будааст, ақидаҳои раисҷумҳури қазоқ дар бораи ташкили Иттиҳодия Авро-Осиё ба ҷои Иттиҳодияи Аврупоро тарғибу ташвиқ мекунад, ки аслан ба фикри Дубнов як афкори содалавҳона дар бораи шаклгирии ҷаҳон дар асри 21 аст.

Дар айни замон Дубнов ёдовар мешавад, ки мақомоти қазоқ мегӯянд, вуруди Қазоқистон ба ин Иттиҳодия дар даврони зиндагии ҳукуматдори феълӣ ба вуқӯъ нахоҳад пайваст.

Яъне ҳадаф аз он дигар аст: "Аввалан, соли 2010-м Қазоқистон раҳбарии даврии САҲА-ро бар дӯш мегирад. Аз ин рӯ, ин кишвар мехоҳад худро ҳамчун мамлакати мутамаддини ҷавобгӯи меъёрҳои аврупоӣ нишон диҳад. Ба қавле Қазоқистон мехоҳад аз болои Русия ҷаҳида, худро дар Аврупои бузурги мутамаддин бубинад. Ҷақсибеков беҳуда нагутфааст, ки ин барнома дар даврони зиндагии ин ҳукумат амалӣ нахоҳад шуд. Ман ҳам бо Ҷақсибеков мевофиқам, ки президенти 68 солаи Қазоқистон ба табиқи ин барнома ноил нахоҳад гашт."

Аснои як сӯҳбати телефонӣ аз Ҷеймс Никсӣ шореҳи умури Русия ва Авро-Осиё дар пажӯҳишгоҳи ЧАТАМ Ҳауси Лондон пурсидам, ки дар бораи ин изҳороти сафири Қазоқистон чӣ назар дорад? Никсӣ бо табассум гуфт: "Воқеият ин аст, ки вуруди Қазоқистон ба Иттиҳодияи Аврупо аз нуқтаи назари мавқеи ин кишвар ва дурнамои татбиқи ин лоиҳа чунон дур аст, ки Русияро ба ғазаб намеорад. Мехоҳам гӯям, ки Русия пуштибони ин ташаббус нахоҳад буд, вале вақте Гурҷистон ё Украина дар бораи узвияташон дар Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО ҳарф мезананд, Русия онро таҳдид арзёбӣ мекунад, вале дурнамои вуруди Қазоқистон ба ниҳодҳои аврупоӣ чунон дур аст, ки Русия ҳам аз он ба хашм намеояду ҳатто метавон онро танҳо нияти неки Остона номид."

Дар ҳақиқат ҳамаи кишварҳои собиқ шӯравӣ чӣ Туркманистону Тоҷикистон ва чӣ Гурҷистону Украина пинҳон намекунанд, ки мехоҳанд ҳаддалимкон бо кишварҳои демократии Аврупо наздик бошанд. Вале баъзан ин мақсадҳо боиси фишори мақсади худро тағйир медоданд, фишоре, ки Русия рӯи онҳо гузоштааст, аз байн мерафт.

Дар ин бора шореҳи рус Аркадий Дубнов мегӯяд: "Украинаву Гурҷистон бе он ҳам ҷузъи Аврупо ҳастанд. Ба фикрам Украинаву Гурҷистон бо вуруд ба ниҳодҳои аврупоӣ ва паймони НАТО мехоҳанд кафолати амниятӣ ба даст оранд. Онҳо аз фишори Русия нигарон ҳастанд. Ин аст сабабии аслии кӯшиши онҳо барои вуруд ба ниҳодҳои Аврупо. То ҳатто Қазоқистону дигар кишварҳои собиқ Шӯравӣ вақте ба ниҳодҳои Аврупоиву ғарбӣ наздикӣ меҷӯнд, ҳадафи аслии онҳо ташвиш аз иқдомҳои ғайри қобили пешбинии Русия аст. Яъне кӯшиши вуруд ба ниҳодҳои аврупоӣ ин кӯшиши даромадани кишвар ба зери чатри амниятии Аврупо аст."

Ин ақидаро шореҳи англис Ҷеймс Никсӣ пуштибонӣ намуда, ҳамчунон ёдовар мешавад, ки ба ин восита раҳбари Қазоқистон мехоҳад пешдастиаш дар байни кишварҳои Осиёи Марказиро низ таъкид кунад: Никсӣ: "Ба фикрам Назарбоев сиёсатмадори оқил буда, мехоҳад роҳҳои кишвараш дар тамоми самтҳоро боз нигаҳ дорад. Президенти Қазоқистон ҳам ба Русия, ҳам ба Чин, ҳам ба Аврупо ва ҳам ба ИМА назар афкандааст. Яъне ин кишвар мехоҳад ӯро дар як саф бо Туркманистону Беларус қарор надиҳанд. Ин кишвар бабри Осиёи Марказӣ мебошад ва мехоҳад бо Остона муомилаи шабеҳи доду гирифт бо Украина, Гурҷистон ва ё Эстония сурат бигирад. Назарбоев сиёсатмадори пешқадами Осиёи Марказӣ мебошад ва иқдомҳои ӯ қобили фаҳм ҳастанд."

Шояд агар мо ҳадафи наздикшавии кишварҳои дигари собиқ шӯравӣ ба мамолики ғарбиро ҷӯё шавем боз ҳам ҳамин посух пеш ояд, ки вуруд ба Аврупо дур асту таъмини амният ниёзмандии фаврӣ.
XS
SM
MD
LG