Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин даргирии нирӯҳои Покистон дар Бунер


Нирӯҳои шибҳанизомии Покистон, ки ба хотири дифоъ аз таъсисоти давлатӣ ва пулҳо дар ноҳияи Бунер мустақар шудаанд, имрӯз вориди даргирие шуданд, ки дар он як афсари пулис кушта шуд. Ҳанӯз маълум нест, ки задухӯрд бо ҷангиӣни толиб сурат гирифтааст ё хайр, вале даргирӣ дар Бунер, воқеъ дар тақрибан 100-километрии Исломобод нигарониҳо дар бораи ояндаи қарордоди сулҳи давлат бо Толибонро меафзояд. Толибон дар пайи тасвиби қарордоде, ки дар ивази сулҳ бо ҷангиён татбиқи қонунҳои шариъат дар водии Свотро иҷозат медиҳад, вориди Бунер шуда ва дар роҳҳои ин ноҳияи посгоҳҳо гузошта, ба дидбонии кӯчаву бозорҳояш пардохтанд. Исломобод ба дунбол рӯзи чоршанбе ба Бунер нирӯ фиристод. Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон давлати Покистонро ба ақибнишинӣ дар муқобили Толибон айбдор кард ва гуфт, акнун аз Покистон “таҳдиди марговаре” ба амнияти ҷаҳон бармеояд.
XS
SM
MD
LG