Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати беш аз 70 нафар дар ду ҳамлаи интиҳорӣ


Имрӯз бар асари ду ҳамлаи интиҳорӣ дар Ироқ беш аз 70 тан кушта шуданд. Як бомбгузори маргталаб худро дар як тарабхона дар шаҳри Муқдодия дар шимоли Бағдод тарконд. Ин ҳамла мунҷар ба ҳалокати дастикам 45 нафар, бо шумули зоирини эронӣ, ва ҷароҳат бардоштани 55 тани дигар шуд. Зоирини эронӣ дар роҳ ба сӯи шаҳри муқаддаси Карбало дар ошхона нон мехӯрданд. 28 нафари дигар бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ алайҳи ҳайъати дидбонии пулис имрӯз дар Бағдод кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG