Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанозаи Тоҳири Абдуҷабборро ба хок супурданд


Ҷанозаи сиёсатмадор ва иқтисодшиноси шинохтаи тоҷик Тоҳири Абдуҷаббор имрӯз дар зодгоҳаш, ноҳияи Ашт ба хок супурда шуд. Тоҳири Абдуҷаббор зӯҳри имрӯз баъд аз маризии тӯлонӣ дар синни 63 аз олам чашм пӯшид. Тоҳири Абдуҷаббор дар соли 1989 ҳаракати мардумии “Растохез”, нахустин созмони сиёсии алтернатив ба Ҳизби ҳокими вақти коммунист дар Тоҷикистонро таъсис дода, соли 1990 вакили парлумон интихоб шуд. Ӯ муаллифи нахустин тарҳи эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон буда, дар пайи нооромиҳои соли 1992 тарки кишвар кард ва фақат соли 2005 аз ғурбат ба ватан баргашт.
XS
SM
MD
LG