Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рустам - шогирди донишманд ва саробони хонавода


То имрӯз дар барномаи «Ояндасоз» аксаран дар мавриди кӯдаконе қисса мешуд, ки бо иҷрои корҳои сиёҳ дар бозор барои пешбурди зиндагии хонаводаашон кумаки молӣ мекарданд.

Қаҳрамони имрӯзаи гузориши ман низ таъмингари аслии модари танҳояш аст, аммо маблағҳое, ки вай ба даст меорад, на аз рӯи аробакашиву мошиншӯист, балки аз ҳисоби дониши фавқулоддаи ӯст.

Рустам Кенҷаев сездаҳ сол дорад ва муҳассили синфи 8-ум аст, ҳарчанд тибқи барномаи таълимӣ бояд дар синфи 6-ум таҳсил кунад. Ин наврас барномаҳои омӯзиширо қабл аз дигар ҳамсабақонаш аз худ мекунад. Рустам мегӯяд, ҳанӯз замоне, ки кӯдакистон мерафт, комилан китоби Алифборо аз бар карда буд ва бинобар ин аз ҳамсолонаш пештар ба мактаб рафт.

Қаҳрамони навраси мо дар мактаби миёнаи рақами 15-уми пойтахт таҳсил мекунад ва аз ҳама фаннҳо дониши мукаммал дорад. Чанде қабл Рустам дар озмуни мактабии русидонҳо ширкат карда, дар миёни 306 хонандаи 35 кишвар ғолиби мутлақ дониста шуд. Ва ҳамчунин ӯ донандаи беҳтарини таърихи Тоҷикистон дар байни хонандагони кишвар эълон гардид.

Дар ҳоле, ки имрӯз аксари ҳамсолони Рустам маъмулан дар фикри бозиву оворагардианд, Рустам мегӯяд, дар захираи луғавии вай ибораи фурсати холӣ вуҷуд надорад. Ба гуфтаи мусоҳиби наврасам, дар вақтҳои берун аз синфӣ ӯ дар пайи омӯзиш аст. Ҳоло мақсади Рустам забономӯзӣ будаст.

Рустами 13-сола имрӯз гирандаи степендияи президентӣ буда, ҳамзамон барои дониши фавқулоддааш аз сӯи яке аз ҳизбҳои кишвар ва ҳукумати ноҳияи Шоҳмансур кумакпулӣ гирифта, дар маҷмӯъ ҳудуди 300 сомонӣ дарёфт мекунад.

Ҷаллолиддин Амиров, корманди вазорати омӯзишу парвариши Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар кишвар теъдоди чунин кӯдакони боистеъдод кам нестанд. Ва барои дастгирии чунин атфоли махсус шӯъба дар назди вазорати маорифи кишвар таъсис ёфтааст.
Ба гуфтаи Ҷалолиддин Амиров, барои чунин кӯдакон ҳукумати кишвар чандин имтиёзҳо низ пешбинӣ кардааст. Аз ҷумла онҳо имкон доранд, ки дар факултаҳои дилхоҳи макотиби олии кишвар бидуни супоридани имтиҳони воридотӣ таҳсил кунанд.
XS
SM
MD
LG