Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳои байналмилалӣ ба раҳоии Роксана Собирӣ


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Эрон даъват кард, хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро ба зудтарин фурсат аз зиндон раҳо кунад. ИА низ аз Теҳрон раҳоии Собириро тақозо кардааст. Роксана Собирӣ рӯзи шанбе бо ҷурми ҷосусӣ барои Амрико ба 8 соли зиндон маҳкум шуд. Қаблан раҳбари қувваи қазоияи Эрон оятуллоҳ Маҳмуд Ҳошимии Шаҳрӯдӣ хостори муҳокимаи одилона, дақиқ ва зуди парвандаи Собирӣ шуда буд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод низ аз қувваи қазоия хост, Собирӣ бояд ҳаққи комили дифоъ аз худашро дошта бошад.
XS
SM
MD
LG