Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро дар конфронси СММ зидди нажодпарастӣ


Тавре интизор мерафт, суханрониии раисиҷумҳури Эрон дар конфронси алайҳи нажодпарастии СММ ба моҷаро печид.

Ҳарфҳои ӯ дар бораи “сӯиистифодаи яҳудиҳо аз «Ҳолокост» ва “таъсиси ҳукумати нажодпарастона дар қаламрави ишғолии Фаластин” боиси эътирози бархе аз аҳли нишаст гардид.

Ба дунболи ин, ба иттилоъи хабаргузориҳо, ҳайатҳои бархе аз кишварҳои аврупоӣ ба нишони эътироз толорро тарк намуданд. Бори аввал нест, ки суханронии Маҳмуди Аҳмадинажод боиси моҷарои байнулмилалӣ мешавад. Аз ин пеш ӯ «Ҳолокост»-ро як ривоят хонда буд ва пешниҳод карда буд, ки Исроил аз Аврупо ва ё Аляска кӯчонида шавад.

Имрӯз Исроил ба нишони эътироз аз ҳузури Маҳмуди Аҳмадинажод дар конфронси алайҳи нажодпарастии СММ сафири худ дар Швейсарияро “барои машварат” ба кишвар бозхонд. Мақомоти Исроил ҳамчунин аз он дар ғазаб шудаанд, ки раисиҷумҳури Швейсария Ҳанс Рудолф Мерз рӯзи якшанбе Маҳмуди Аҳмадинажодро ба ҳузур пазируфт. Зимнан, қабл аз суханронии раисиҷумҳури Эрон Бернард Кушнер, вазири умури хориҷаи Фаронса, ҳушдор дод, ки агар Аҳмадинажод боз ҳам изҳороти алайҳисемитӣ пахш кунад, кишварҳои аврупоӣ нишастро тарк хоҳанд намуд.

Конфронси алайҳи нажодпарастии СММ-ро имрӯз Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, ифтитоҳ кард. Ӯ нажодпарастиро яке аз мушкилҳои умдаи башарият номид ва афзуд, “замони он расидааст, ки эҳтироми худ ба дифоъ аз ҳуқуқҳои аслии инсон, дифоъ аз шарафи ҳама ва ҳар касро таъйид кунем. Замони он расидааст, ки ба чунин аъмоли нек - чун таҳамммулпазирӣ ва эҳтиром ба олами гуногунранг арҷ гузорем ва на ба ақиб, ки моро ҷудо мекард, балки ба пеш бингарем, ки моро муттаҳид хоҳад кард”.

Дар ҳоле, ки ҳайатҳои Фаронса ва Бритониё дар ин нишаст ҳузур доранд, ҳашт кишвари дигар, аз ҷумла ИМА, Австралия, Италия, Олмон ва Исроил, аз ширкат дар конфронс сарпечӣ карданд. Онҳо тасмими худро бо баъзе нукоти тарҳи эъломияи конфронс марбут карданд, ки ғайри қобили қабул мехонанд. Бан Ки Мун гуфт, ки аз ин гуна таҳрими конфронс сахт нигарон аст.

Матни тарҳи эъломияи конфронс чандин бор таҳрир шуда аз он бисёр нуктаҳои баҳсбарангез берун карда шуданд ва аммо, аз нигоҳи мунаққидони санад, то ҳанӯз дар он ишораҳое ба интиқод аз Исроил ва талоши ҳукуматҳои исломӣ барои манъи танқиди дини ислом боқӣ мондааст. Дар тарҳ ҳамчунин як нукта дар бораи таҳрик додан барои адовати мазҳабӣ мавҷуд аст, ки бештари кишварҳои ғарбӣ онро чун поймолсозии озодии баён арзёбӣ мекунанд.

Ва аммо Ҷулия Де Риверо, раиси Созмони Дидбони ҳуқуқи башар Ҳуман Райтс Вотч, мегӯяд, ки ин созмон бо тарҳи эъломия мувофиқ аст ва онро санади ҷиддӣ алайҳи нажодпарастӣ мехонад: “Ин санад мухолифи меъёрҳои байнулмилалӣ нест ва дар асл эътироф мекунад, ки таҳрик додан ба адоват метавонад мусовӣ ба таҳрике бошад, ки паёмади он хушунат аст. Ин дар асноди байнумилалии ҳуқуқи башар низ сабт шудааст ва аз ин рӯ, набояд сабаби конфаронсро тарк кардан бигардад”.

Гуфта мешавад, Созмони Миллал конфронси Женеваро ба он хотир баргузор кард, ки хотираҳои талхи нишасти ахир дар Африқои ҷанубӣ, дар ҳашт сол пеш аз ёдҳо зудуда шаванд. Он замон кишварҳои исломӣ талош карданд, ки сионизмро бо нажодпарастӣ дар як хат гузоранд ва аз ин рӯ ИМА ва Исроил нишастро тарк намуданд. Ва аммо ин нукта дар бораи сионизм ба матни ниҳоии қатъномаи он нишаст ворид нашуда буд.
XS
SM
MD
LG