Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қашқавӣ: "ИМА бояд ба ҳукми додгоҳ арҷ гузорад"


Теҳрон аз Вошингтон даъват кард, ба парвандаи хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собирӣ, ки бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи ИМА ба ҳашт соли зиндон маҳкум шудааст, ангезаи сиёсӣ набахшад. Ҳасан Қашқавӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон, имрӯз изҳор намуд, ки Собирӣ ҳаққи аз болои ҳукми додгоҳ шикоят карданро дорад ва ИМА бояд ба ҳукми додгоҳ ва ба истиқлоли Эрон арҷ гузорад. Аз ин пеш Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, аз сарнавишти хабарнигор изҳори нигаронии амиқ карда эълом дошт, ки ба бегуноҳии хонум Собирӣ мутмаин аст.
XS
SM
MD
LG