Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори нахуствазири Ироқ аз хатар


Нурӣ Ал-Моликӣ - нахуствазири Ироқ, рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки хатари “ҳалқаҳои терористӣ” ҳанӯз дар кишвараш аз байн нарафтааст. Дар як мулоқоте бо афсарони олирутбаи Ироқ, Нурӣ Ал-Моликӣ гуфт, “Ироқ бидуни бозсозӣ ва сармоягузорӣ қодир ба ҳифзи субот ва амният нахоҳад шуд.” Қарор аст, бештар аз ним миллион нафар маъмурони пулис ва 260 ҳазор сарбози Ироқ масъулияти бештари таъмини амният дар кишварашонро бар ӯҳда бигиранд, зеро нерӯҳои Амрико то 30 июни соли равон шаҳрҳои Ироқро тарк мекунанд ва то охири соли 2011 комилан аз он кишвар хориҷ мешаванд. Хабаргузории "Франс Пресс" мегӯяд, сар аз моҳи равон то кунун дар Ироқ бештар аз 80 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG