Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни эмбаргои Куба ҳанӯз наздик нест


Ларрӣ Саммерс, мушовири аршади раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, гуфт, хатми эмбаргои иқтисодии Амрико алайҳи Куба ҳанӯз наздик нест. Саммерс гуфт, ҳар навъ тағйироти муҳим дар равобити иқтисодии Амрикову Куба ба рафтори Ҳавана бастагӣ дорад. Вазирои хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон рӯзи ҷумъа гуфт, маъмурияти Обама рӯи роҳҳои пурсамартари пешрафт фикр мекунад. Рӯзи панҷшанбе раҳбари Куба Раул Кастро гуфт, барои баҳси кулли масоил бо Амрико омода ҳаст. Вошингтон ҳанӯз соли 1962 алайҳи Куба эмбаргои иқтисодӣ ҷорӣ карда буд.
XS
SM
MD
LG