Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Обама аз ҳукми зиндони Роксана Собирӣ


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико
Барак Обама, раисҷумҳури Амрико

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, аз маҳкумшавии хабарнигори амрикоӣ Роксана Собирӣ ба 8 соли зиндон дар Эрон изҳори «нигаронии амиқ» кардааст.

Хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро додгоҳи Эрон дар ҷосусӣ муҷрим шинохт ва равонаи зиндон кард. Собирӣ, ки ба ҳайси хабарнигори озод барои як силсила расонаҳо, аз ҷумла радиои миллии Амрико кор мекард, моҳи январ боздошт шуда буд. Вай аввал бо иттиҳоми харидани машруб боздошт гардида, баъдан ба фаъолияти бидуни муҷавизи хабарнигорӣ ва ниҳоятан ба ҷосусӣ айбдор шуд.

Ҳамзамон созмони “Хабарнигорони бидуни марз” низ 8 сол ҳукми зиндони хабарнигори эронитабори амрикоӣ Роксана Собириро "ғайримунсифона" номида ва маҳкум кардааст.

Абдулсамад Хуррамшаҳӣ, вакили Роксана Собирӣ, гуфтааст, ки ӯ бознигарии ҳукми муваккилашро аз додгоҳи таҷдиди назар тақозо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG