Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод:"Касе ҷуръати ҳамла ба Эронро надорад"


Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод рӯзи шанбе дар як маросими низомӣ дар Теҳрон гуфт, ягон кишвар ҷуръати ҳамла ба Эронро намекунад. Аҳмадинажод ҳамчунин нирӯҳои низомии Эронро зомини суботи минтақа номид. Ин изҳорот дар пасманзари идомаи танишҳои байналмилалӣ бар сари барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон ва бурузи ҳадсу гумонҳо дар мавриди эҳтимоли аз тасмими бомбборони корхонаҳои ҳастаии Эрон кор гирифтани сарвазири нави Исроил Бинямин Нетаняҳу садо медиҳад. Аммо раисиҷумҳури Исроил Шимон Перес ин сарусадоҳоро такзиб карда, гуфтааст, масъалаи роҳи низомии расидагӣ ба барномаҳои ҳастаии Эрон матраҳ нест.
XS
SM
MD
LG