Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи машқҳои муштарак дар тамрингоҳи Фахробод


Машқҳои муштараки зиддитеррори кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар тамрингоҳи Фахробод, дар вилояти Хатлони Тоҷикистон идома доранд. Дар ин машқҳои серӯза, ки рӯзи ҷумъа оғоз ёфт, беш аз 1000 сарбоз аз Русияву Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат доранд. Машқҳои Фахробод бузургтарин машқҳои низомии воҳидҳои зиддитеррори кишварҳои узви Созмони Шанхай дониста шуда, дар ҷараёни он аз зиреҳпӯшҳо ва чархболҳову ҳавопаймоҳои ҷангӣ низ истифода хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG