Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бозпурсонро муҷозот намекунад


Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, изҳор намуд, он кормандони Хадамоти Марказии Кашф, ки аз тарзҳои хашини бозпурсии гумонбарони терроризм кор гирифта ва аммо аз чаҳорчӯби дастурҳо берун нарафтаанд, муҷозот нахоҳанд шуд.

Ахиран бо амри Обама Кохи Сафед чаҳор санади махфиеро нашр кард, ки замони қудрати Ҷорҷ Буш таҳия шуда буданд ва дар онҳо тарзу усулҳои бозпурсӣ аз сӯи кормадони Хадамоти марказии кашф пурра инъикос ёфтаанд.

Барак Обама, раисҷумҳури Амрико изҳор намуд, ки ҳадаф аз нашри ин чаҳор санад, ба истилоҳ, сиёҳ кардани маъмурияти Ҷорҷ Буш нест. Ба гуфтаи ӯ, аввалан, тарзу усулҳои бозпурсӣ, ки дар ин аснод омадааст, аз ин пеш дар расонаҳои хабарӣ инъикос ёфта буданд. Сониян, маъмурияти пешин дар маҳзари ом эътироф карда буд, ки аз ин усулҳои бозпурсӣ кор гирифтааст. Ва саввум, омадааст дар изҳороти Барак Обама, “ман ба ҳама усулҳои хашини бозпурсӣ хотима гузоштам”. Ҳамзамон сарвари Амрико гуфт, онҳое, ки ин тарзу усулро бо такя ба дастурҳои вазорати адлия истифода кардаанд, ба муҷозот кашида нахоҳанд шуд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар тасмими раисҷумҳур дар мавриди ба муҷозот накашидани кормандони Хадамоти марказии кашферо, ки тибқи ин дастур амал намудаанд, танқид карданд. Созмони Авфи байнулмилал эълом дошт, вазорати адлия мехоҳад ба ин васила аз онҳое пуштибонӣ кунад, ки дар шиканҷа даст доранд. Созмони барои ҳуқуқҳои конститутсионӣ ҳам, ки аз ҳуқуқҳои афроди дар чаҳорчӯби “ҷанг алайҳи террор” боздоштшуда дифоъ мекунад, дар як изҳорот аз татбиқ нашудани нукоти қонун дар робита ба ҷиноёти намояндагони ҳукумат изҳори нигаронӣ кардааст. Том Портеус, раиси дафтари созмони Дидбони ҳуқуқи башар – Ҳуман райтс вотч дар Лондон низ аз тасмими Барак Обама интиқод кардааст.

Майкл Ҳайден, раиси собиқи Хадамоти марказии кашф замони раёсати Ҷорҷ Буш ҳам тасмими ахири Обамаро танқид кард ва аммо бо дигар далел. Ба гуфтаи ӯ, ифшои ин аснод ҷуръати кормандони Хадамоти марказии кашфро камтар мекунад ва ҳамкории ҳампаймонҳояшон аз хадамоти кашфи дигар кишварҳоро заъифтар месозад, зеро дар зеҳни онҳо ақидае пайдо хоҳад шуд, ки Вашингтон аз ин ба баъд ҳам сирру асрорро махфӣ нигаҳ нахоҳад дошт.

Нашри ин чаҳор санадро гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Итиҳоди дифоъ аз озодиҳои шаҳрвандӣ талаб карда буд. Гуфта мешавад, раҳбарони воломақоми Хадамоти марказии кашф талош доштанд, ки ин санадҳо фақат қисман нашр шаванд. Онҳо нигарон буданд, ки ифшо шудани матни комили дастурҳо шояд боиси ба маҳкама кашидани кормандони хадамоти кашф бигардад. Ва аммо вазири адлияи Эрик Ҳолдер ва мушовири раисҷумҳур оид ба масоили ҳуқуқӣ Грег Крэйг барои нашри комили дастурҳои пойфишорӣ карданд. Гуфта мешавад, сетои ин аснод моҳи майи соли 2005 дар яке аз шӯъбаҳои вазорати адлияи Амрико таҳия шудаанд. Дар онҳо тарзу усулҳои водор сохтан ба иқрори гуноҳ аз ҷиҳати ҳуқуқӣ асоснок шудаанд ва ҳамчунин вазорат расман эълом доштааст, ки тибқи қавонини байнулмилалӣ, ин усулҳо “бераҳмона, ғайриинсонӣ ва таҳқиромез” нестанд. Дар санади чаҳорум рӯйхати тарзу усулҳои хашини бозпурсӣ оварда шудааст, аз ҷумла, зарба ба сару рӯ, ҷойгир кардан дар ҳуҷраҳои тангу торик, маҳрум сохтан аз хоб. Ба ин рӯйхат ҳамчунин шиканҷа бо истифода аз об ва мустақарсозӣ дар ҳуҷраи пур аз ҳашарот низ шомил шудаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ҳама талошҳои қисман нашр кардани ин чаҳор санад обрӯи Барак Обамаро, ки рӯи шаффофияти фаъолияти Кохи Сафед тамаркуз кардааст, поин мебурд.
XS
SM
MD
LG