Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фарзанди Амирқул Азимов панҷ сол гирифт


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Бобур Азимов, фарзанди Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистонро ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Манобеъи додгоҳӣ мегӯянд, додгоҳ ҳамчунин Бобур Азимовро барои се сол аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум кардааст.

Абдусалом Одинаев, додраси додгоҳи нҳоияи Сино, Бобур Азимовро бар асоси банди 212-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон дар иртикоби садмаи нақлитие, ки ба кушта шудани ду ва ё афроди бештаре мунҷар шудааст, муҷрим шинохтааст.

Бино бар ҳарфи додрас, Бобур Азимов, ки сари чанбари мошини тамғаи Тойота-Авалон қарор дошт, соатҳои 7-и бегоҳи 17-уми августи соли 2008 ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Исмоили Сомонӣ дар ҷодаи назди Кохи Борбади шаҳри Душанбе нафари пиёдагардеро пахш мекунад. Ҳамзамон, бо ин ҳодиса мошини зери идора ва фармони ӯ ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, бо як мошини дигар бармехӯрад, ки дар натиҷа яке аз мусофирони он кушта шуда, панҷ нафари дигар бо шумули як кӯдак бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода мешаванд.

Бобур Азимов то замони рух додани ин ҳодиса ба ҳайси муфаттиши додситонӣ дар ноҳияи Синои пойтахт фаъолият мекард. Аммо бо сар задани ин ҳодиса аз ифои масъулият барканор шуда буд. Мақомоти тафтишотӣ чораи ҳабси пешакии ӯро бо гирифтани забонхати тарк накардани маҳалли иқомат иваз карда буданд.
XS
SM
MD
LG