Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баргаҳои раъй аз нав ҳисобу китоб шуданд


Имрӯз дар Молдова натоиҷи ҳисобу китоби такрории раъйҳо дар интихоботи парлумонии рӯзи 5 апрел эълон мешавад. Ба гуфтаи котиби Комиссиюни марказии интихоботи кишвар Юрий Чокан, ин натоиҷ аз натиҷаҳои чанд рӯз пеш расман эълоншуда тафовути зиёд надорад ва гумон аст, ки ба тақсими мандатҳо таъсире расонад. Ҳисобу китоби такрории раъйҳо бо дархости раисиҷумҳур Владимир Воронин ва баъд аз тасмими Додгоҳи Қонуни асосии кишвар сурат гирифт. Дар шумориши такрории баргаҳои раъй намояндагони аҳзоби мухолиф ширкат надоштанд - онҳо изҳор намуданд, ки на баргаҳои раъй, балки рӯйхати афроди соҳиби ҳаққи раъй бояд мавриди тафтиш қарор мегирифт.
Эълони натоиҷи расмии интихоботи парлумонии Молдова, ки дар он Ҳизби комунист пирӯз шудааст, боиси эътирози аҳзоби мухолиф гардид. Намоиши эътирозии мухолифин ба хушунат печид ва эътирозгарон ба бинои парлумон ва қароргоҳи раисиҷумҳур ворид шуда ин биноҳоро ғорат карданд.
XS
SM
MD
LG