Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гавана барои музокирот бо Вошингтон омода аст


Гавана барои баррасии доираи густардаи масоил, аз ҷумла, вазъи ҳуқуқи башар, бо Вошингтон изҳори омодагӣ кард. Изҳороти раисиҷумҳури Куба Раул Кастро дар ин бора дар мулоқоти раҳбарони чапгаро дар Венесуэла садо дод. Ҳамзамон ӯ таъкид кард, ки “музокирот бояд дар шароити баробар ва бидуни ҳатто ишорае ба маҳдудсозии мухторияту якпорчагии Куба” сурат бигирад. Аз ин пеш раисиҷумҳури ИМА Барак Обама гуфта буд, ки Вошингтон посухи Гавана ба лағви маҳдудиятҳои сафар ва интиқоли маблағ ба Кубаро интизор аст.
Имрӯз дар кишвари Тринидад “саммити Амрикоҳо” ифтитоҳ мешавад, ки Куба барои ширкат дар он даъват нашудааст.
XS
SM
MD
LG