Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Русия ба лағви тамринҳои НАТО дар Гурҷистон


Русия аз НАТО даъват кард, размоишҳои пайрезишудаи Паймони Атлантики Шимолӣ дар Гурҷистонро ба таъвиқ гузорад ё лағв кунад. Вазири умури хориҷи Русия, Сергей Лавров, гуфт, ин тамринҳо, ки барои 6-уми май то 1-уми июн тарҳрезӣ шудаанд, вазъи бе ин ҳам мураккаби минтақаро печидатар мекунанд. Сухангӯи НАТО, Роберт Пшзел гуфт, тамринҳо асосан идорӣ хоҳанд буд бидуни ширкати ҷиҳози сақилаи ҳарбӣ. Тарҳи размоишҳои НАТО ва Гурҷистон дар ҳоле эълон шудааст, ки Паймони Атлантики Шимолӣ дар пайи тармими равобити вайроншудааш бо Маскав зимни ҷанги Гурҷистон аст.
XS
SM
MD
LG