Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиқи Амрико ба оромиш дар Молдова


Иёлоти Муттаҳида ба оромӣ дар Молдова пас аз хушунатҳои ҳафтаи гузашта даъват кардааст. Дар эътирозҳои хушунатомез пас аз пирӯзии ҳизби ҳокими президенти Молдова, Владимир Воронин, дар интихоботи порлумонӣ, даҳҳо нафар захмӣ ва садҳо нафар боздошт шудаанд. Вазорати умури хориҷии Амрико, аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки бархе аз боздоштшудагон дар маҳбас мавриди бадрафторӣ қарор мегиранд. Он аз Воронин даъват кардааст, ки бо афви эътирозгарон роҳро ба оштӣ ва тафоҳум боз кунад.
XS
SM
MD
LG