Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Набарди дастаҳои украинӣ ва олмонӣ дар Ҷоми UEFA


Маълум нест кадом дастаҳо, вале маълум аст, ки дар бозии ниҳоии футболи Ҷоми УЕФА дастаҳои украинӣ ва олмонӣ вориди набард хоҳанд шуд. Дар яке аз бозиҳои ниманиҳоӣ "Динамо"-и Киев ва "Шахтёр"-и Донетск бо ҳам вомехӯранд ва дар ниманиҳоии дигар дастаҳои олмонии "Вердер"-и Бремен ва "Ҳамбург ЭсВӣ. Ин ҳолат замоне ба миён омад, ки "Динамо"-и Киев бо се тӯби беҷавоб бар "Париж Сен Жермен" мирӯз омад ва "Шахтёр" бо ҳисоби 2 бар 1 "Олимпик"-и Марселро шикаст дод.
XS
SM
MD
LG