Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри тозаи ҳафтаномаҳои Тоҷикистон


Аксар нашрияҳои чопи Душанбе ин ҳафта ба шарҳи натиҷаи аудити Бонки Миллӣ, пардохтаанд, ки аз сӯйи ширкати “Ernst&Young” анҷом шудааст.

Мавзӯи сирқати 850 миллион доллари амрикоӣ, ки гӯё аз сӯи Муродалӣ Алимардон, сарвари собиқи Бонки миллӣ ва ҳоло муовини сарвазири Тоҷикистон, сурат гирифта ва инро аудити Бонк аз сӯйи ширкати бритониёии “Ernst&Young” ошкор кардааст, мавзӯъи асосии нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Тоҷикистон аст.

Зимни мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Азия–плюс” худи Муродалӣ Алимардон дар посух ба ин суол, ки оё баъд аз чопи гузориш акнун мунтазири чӣ аст ва оё ба истеъфо рафтанӣ нест, гуфтааст, ҳоло вазъаш хуб аст. Вай гуфтааст, баъд аз нашри гузориш баҳои воқеии фаъолияти даҳсолаашро мехоҳад бубинад, ки оё фаъолияти ӯ ба иқтисод, вазъи макроиқтисодӣ ва ҳифзи эътидоли иҷтимоӣ чӣ додааст. Ба гуфтаи ҷаноби Алимардон, вазъ дар оғоз хароб буд ва ҳоло беҳ шудааст.

Муродалӣ Алимардон дар сӯҳбаташ ба ҳафтаномаи “Озодагон” гуфтааст, “мо қавл дода будем, ки дурӯғ намегӯем”. Вай гуфтааст, аудиторҳо бештар аз ӯ дар бораи хешу табораш пурсидаанд. Ба гуфтаи Алимардон, натиҷаҳои аудити Бонки миллӣ ӯро қонеъ карда наметавонанд. Дар идомаи сӯҳбаташ оқои Алимардон гуфтааст, тайи фаъолияти ӯ дар Бонки Миллӣ дар назардошт бо сиёсати, ба қавли ӯ, ҷаноби олӣ каме ҳам бошад сатҳи зиндагии мардум боло рафтааст, аммо аудиторҳо инро намедонистаанд. Вай гуфтааст, ба аудиторҳо бештар муҳимтар ин будааст, ки дар куҷо хешу табори кӣ ҳаст. Оқои Алимардон мегӯяд, ин як занҷири сарбастааст, ки таҳқиқ мехоҳад.

“Фараж” дар матлабе таҳти унвони “Муродалӣ Алимардон ба зиндон?” баъзе аз нукоти муҳими гузориши “Ernst&Young”-ро нашр карда, навиштааст, дар ҳоле ки натиҷаҳои аудит ба ҳукумат моҳи январ маълум шуда буд, аммо оқои Алимардон ҳанӯз ҳам муовини сарвазир аст ва муҷозот нашудааст. Нашрия аз қавли коршиносон менависад, баъд аз ошкор шудани иттиҳомот ӯ набояд дар ин вазифа кор кунад.

Ҳафтаномаи “Ҷомеа” дар матлабе таҳти унвони “Муродалӣ Алимардон чанд фоиз гунаҳкор?” менависад, қазияи собиқ райиси Бонки Миллӣ бояд дар додгоҳ рӯшан шавад.
XS
SM
MD
LG