Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фестивали чоруми ҷаз дар Бишкек


Аз 24 то 26-уми апрели соли равон дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, фестивали чоруми байналмилалии ҷаз баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Хоникей Мухторова, мудири фестивали чоруми байналмилалии ҷази Бишкек, дар он мусиқанавозони 11 кишвари дунё -Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбакистон, Қазоқистон, Русия, Амрико, Олмон, Фаронса, Австрия, Швейсария ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.

Хоникей Мухторова гуфт, ҳадаф аз баргузории фестивал омезиши ҷаз бо мусиқии анъанавӣ мебошад. Бино ба гуфтаи ӯ, дар ин фестивал гурӯҳҳои ҳунарӣ намоишномаеро таҳти унвони «Симои Хоҷа Насриддин» пешкаши ҳаводорони мусиқии ҷаз хоҳанд кард. Хоникей Мухторова афзуд, ин намоишномаҳо дар доираи озмуне сурат хоҳанд гирифт, ки дар миёни навозандагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар фестивалҳои қаблии ҷази Бишкек аз Тоҷикистон гурӯҳи таҳти сарварии ҳунарманди шоистаи ҷумҳурӣ Давлати Назрӣ ширкат карда буд.
XS
SM
MD
LG