Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент шаффофияти интихоботро кафолат дод


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон паёми солонаи худ ба ҳарду табақаи порлумони кишварро ироа кард.

Дар порлумон, бар иловаи вакилони мардумӣ, ҳамчунин раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин зиёиён низ ҳузур доштанд.

Бӯҳрони ҷаҳонии молӣ

Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин паём ба коҳиши пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва чораҳои ҳукумат дар ин самт мебошад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ талаб кард, то ба сарфаи маблағҳои буҷа таваҷҷӯҳ кунанд, аз масрафоти беҳуда даст бикашанд, сафарҳои хидматиро то ба 80 дарсад коҳиш бидиҳанд, аз баргузории чорабиниҳои нозарур сарфи назар бикунанд.

Раисҷумҳур барои дастгирии соҳибкории хурд ва миёна пешниҳод кард, ки андоз аз даромад аз 25 % то 15%, андоз аз нархи изофа аз 20% то 18% коҳиш дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилон муроҷиат карда гуфт, барои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар як қатор қонунҳо тағйирот дароранд.

Истиқлоли энержӣ

Президенти Тоҷикистон гуфт, дар чаҳор соли наздик Тоҷикистон ба истиқлоли энержӣ даст хоҳад ёфт. Ӯ гуфт, дар семоҳаи аввали имсол дар кишвар 15 нерӯгоҳи хурд бунёд шудааст ва то охири сол шумори онҳо то ба 50 бояд бирасад. Ӯ гуфт, то миёнаҳои моҳи май бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-1 тамом шуда, он ба фаъолият оғоз хоҳад кард. Ӯ гуфт, сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дар охири соли 2011 анҷом хоҳад шуд.

Раисҷумҳур гуфт, дар чаҳор соли наздик ҳукумати Тоҷикистон барои таҷдиди нерӯгоҳи Норак 480 миллион сомонӣ ҷудо хоҳад кард ва аз ин миён 80 миллионаш аз грантҳои созмонҳои хориҷӣ иборат хоҳад буд. Ӯ гуфт, дар ҳамин ҳол сохтмони нерӯгоҳҳои Роғун, Нуробод-1, Нуробод-2 ва нерӯгоҳҳои хурд дар дарёҳои Зарафшон, Панҷ ва Вахш идома дода хоҳад шуд.

Президент ҳамчунин гуфт, то охири имсол пойтахти кишвар бо гази худӣ таъмин хоҳад шуд.

Соли Имоми Аъзам ва Қонуни нави дин

Дар паёми худ президенти Тоҷикистон гуфт, вақтҳои ахир сарусадоҳоест, ки гӯё самти сиёсати давлати Тоҷикистон аз дунвяӣ ба динӣ тағйир ёфтааст. Президент ин сарусадоҳоро рад кард, ва гуфт, бо назардошти он ки 99 дарсади аҳолии кишвар мусалмонанд, арҷгузорӣ ба Ислом ҳамчун ба як сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист.

Ӯ гуфт, дар баробари ин Сарқонуни Тоҷикистон баробарҳуқуқии ҳамаи дину мазҳабҳо ва озодии виҷдонро кафолат додааст ва дунявият ҳамоно самти аслии сиёсати давлат аст. Президент гуфт, ҳамаи ин меъёрҳо дар қонуни нави дин, ки чанде пеш ба тасвиб расид, возеҳу равшан ифода ёфтааст.

Маориф ва тиб

Президенти Тоҷикистон бо таъкиди он ки синни миёнаи аҳолии кишвар 24 сол аст, ба рушди соҳаи маоиф таъкид кард. Ӯ пешниҳод кард, ки сар аз якуми сентябри 2010 таҳсили 10-сола ҳатмӣ гардонида шавад ва сар аз якуми сентябри соли 2014 низоми нави таҳсилот ҷорӣ шавад.

Президент ҳамчунин тақозо намуд, то ба рушди соҳаи тибби хусусӣ таваҷҷӯҳ дода шавад.

Қонуни забон

Президенти Тоҷикистон гуфт, пас аз 20 соли қабули қонуни забон, ҳамакнун, гурӯҳи олимону коршиносон сари лоиҳаи наву мукаммали қонуни забон кор карда истодаанд, ва ин қонун дар арафаи таҳия аст. Президент гуфт, бо назардошти он ки забон як рукни муҳимми таҳкими худшиносӣ ва давлатдорист, бе рушди забони давлатӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.

Ваъдаи интихоботи шаффоф

Раисҷумҳур дар паёми худ ба зарурати таъмини шаффофияти интихоботи порлумонии соли оянда таъкид кард ва аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар интихобот изҳори нигаронӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба ҳаводиси оғози истиқлоли Тоҷикистон гуфт, ки интихобот бояд дар фазои оромӣ ва субот доир шавад. Ва таъкид кард, ба унвони кафили Қонуни асосӣ шаффофияти интихоботро таъмин хоҳад кард. Вале ҳамзамон аз мудохилаи авомили хориҷӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, ҳаводиси авоили навадуми қарни гузашта бояд сабақ бошад ва набояд боз ба бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣ шудан роҳ дод.

Вокунишҳо

Паёми солонаи раисҷумҳур ба порлумони Тоҷикистон боиси вокунишҳои мухталиф дар маҳофили сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар шудааст. Чанд нукта аз суханронии раисҷумҳур бештар мавриди таваҷҷӯҳ ва вокуниш шудааст, аз ҷумла, таъкиди раисҷумҳур ба зарурати таъмини шаффофияти интихоботи порлумонии соли оянда ва навъе изҳори нигаронӣ аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар интихобот ва инчунин иҷрои барномаҳои энержӣ то се соли дигар.

Бархе намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, суханони Эмомалӣ Раҳмон зимни паёмаш ба порлумон роҷеъ ба зарурати интихоботи шаффофи порлумонӣ дар соли оянда, ҳамроҳ бо навъе нигаронӣ ва ҳушдор аз эҳтимоли даст ёфтани авомили нуфузӣ дар миёни гурӯҳҳои сиёсӣ будааст.

Назароти сиёсатмадорон ва сиёсатшиносон дар ин мавридро метавонед бо пахши рамзи аудио дар баробари исми эшон дар кунҷи рости ин саҳифа бишнавед.
XS
SM
MD
LG