Пайвандҳои дастрасӣ

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ироаи паёми солонаи худ ба ҳарду табақаи порлумони кишвар пардохт.

Дар ҳоли ҳозир, ироаи паёми солонаи раисҷумҳур дар порлумони кишвар дар ҳузури вакилони мардумӣ ва раҳбарони вазоратҳову кумитаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар ва ҳамчунин зиёиён идома дорад.

Таваҷҷӯҳи асосӣ дар ин паём ба коҳиши пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ва чораҳои ҳукумат дар ин самт мебошад.

Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ аз раҳбарони ниҳодҳои давлатӣ талаб кард, то ба сарфаи маблағҳои буҷа таваҷҷӯҳ кунанд, аз масрафоти беҳуда даст бикашанд, сафарҳои хидматиро то ба 80 дарсад коҳиш бидиҳанд, аз баргузории чорабиниҳои нозарур сарфи назар бикунанд.

Раисҷумҳур барои дастгирии соҳибкории хурд ва миёна пешниҳод кард, ки андоз аз даромад аз 25 % то 15%, андоз аз нархи изофа аз 20% то 18% коҳиш дода шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилон муроҷиат карда гуфт, барои ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорон дар як қатор қонунҳо тағйирот дароранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG